Тақвими рӯз: 95 солагии Бадахшон ва мавлуди Сталина Азаматова
Имрӯз 2 январи соли 2020 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, балерина ва актрисаи кино Сталина Азаматова 80 солагии мавлуди худро ҷашн мегирад. Ҳамчунин, 95 сол қабл, дар ҳамин рӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфтаст.
Айни замон ВМКБ яке аз маконҳои сайёҳии Тоҷикистон аст. Баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевская (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшонро Боми Ҷаҳон низ меноманд. Дар Помир пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ: Федченко (масоҳат 651,7 км², дарозӣ 77 км.), Грумм-Гржимайло (масоҳат 142.9 км².), Гармо (114,6 км².) ва диг, ҳастанд, ки саргаҳи рӯдҳои Пянҷ, Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Язғулом, Ванҷ ҷой гирифтааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–90-солагии зодрӯзи Мӯътабар Иброҳимова (1930-2002), актрисаи
театр, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. -70-солагии зодрӯзи Алӣ Барот (1950), журналист.
–100-солагии зодрӯзи Насриддин Исломов (1920-1994), арбоби
фарҳангӣ, драматург.
–60-солагии зодрӯзи Мақсатулло Исмоилов (1960), доктори илми
биологӣ, профессор.
–110-солагии зодрӯзи Григорий Колтунов (1910-1992), кинорежиссёр,
Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
–65-солагии зодрӯзи Худоёр Қараев (1955), олими соҳаи математика.
–75-солагии зодрӯзи Сайфулло Маҳкамов (1945), журналист.
–175-солагии зодрӯзи Василий Ошанин (1845-1917), энтомолог,
зоогеографи рус, муҳаққиқи олами паррандагони Осиёи Миёна.
–70-солагии зодрӯзи Халифабобо Ҳамидов (1950-2013), олими соҳаи
ҳуқуқ, арбоби давлатӣ.
–80-солагии зодрӯзи Январ Шукуров (1940), олими соҳаи физика.
Сталина Азаматова кист?
Артисткаи балет ва балетмейстер, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Азаматова Сталина Азимовна 2-юми
январи соли 1940 дар ш. Душанбе дида ба олам кушодааст. Падараш ӯро ба ифтихори Иосиф Сталин – Сталина ном гузошт.
Хатмкардаи Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи Ленинград (1958) ва факултети балетмейстерии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав (1977). Солҳои 1958-1977 раққосаи балет ва балетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, 1978 — 1990 муаллимаи Мактаби хореографии шаҳри Душанбе. Аз соли 1991 сарбалетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Эҷодиёташ серпаҳлу ва гуногунранг аст.
Дар балетҳои «Франческа да Римини», «Бо роҳи раъди ғуррон», Ромео ва Ҷулйетта», «Шабҳои Миср» ва ғайра партияҳои асосӣ иҷро кардааст. Чандин балет — «Марги судхӯр», «Камони сеҳрнок», «Писарча ва Карлсон», филм-балети «Рубоиёти Хайём» ва ғайраро ба саҳна гузошта, ба як силсила операҳо — «Шӯриши Восеъ», «Кишлоки тиллоӣ», «Демон», «Дон Жуан» ва асарҳои мусиқӣ- «Талбак Лолаев», «Аз рӯзгори Абуалӣ Сино», «Дир оилаи тифоқ» ва ғайра рақс таҳия намудааст.
Муаллифи либреттои як силсила балетҳо- «Камони сеҳрнок», «Дар ёди дил», «Марги судхӯр», «Писарча ва Карлсон» ва ғайра аст. Солҳои охир дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ як қатор балетҳои нав — «Дон Кихот», «Карашмаҳои муҳаббат», «Буратино», «Сиёвуш», «Юсуф ва Зулайхо», «Шабҳои Миср» ва ғайраро ба саҳна гузоштааст.
Сталина Азамтовар ҳамчунин, актрисаи муваффақи кино буда, дар зиёда аз 20 филм нақшҳои марказиро иҷро кардааст. Аз ҷумла дар “Қисмати шоир” (1959), “Насриддин дар Хуҷанд” нақши Зумрад, “Вақти шукуфтани садбаргҳо” – Дилбар, “Амалиёти “Кобра” – Лутфӣ Саидова, “Зумрад” – Гулчин ва ғайра.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ