Тақвими рӯз: Аз ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардани занҳо то таъсиси театри Кӯлоб
Ҳаррӯзи таърих дар ҷаҳон ҳаводису воқеаоти мухталиф ба вуқуъ меояд ва таърих ба инсоният ҳамаррӯза онҳоро ёдоварӣ мекунад. Мо ҳами дар ин гуша муҳимтарин рӯйдодҳои имрӯзи таърих мегӯем.
Имрӯзи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм»-ро ба имзо расониданд.
Имрӯзи соли 2005 корҳои сохтмонии НБО-и «Сангтӯда-1» оғоз гардиданд. Неругоҳ соли 2009 ба истифода дода шуд.
Имрӯзи соли 2018 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр мулоқот анҷом дод.
Имрӯзи соли 2003 дар шаҳри Хуҷанд Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ҷанубии Қазоқистон ба имзо расид.
Имрӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе рушди соҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон муҳокима карда шуд.
Имрӯзи соли 2016 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Остона иштирок намуд.
Имрӯзи соли 1954 Иттиҳоди Шӯравӣ ба созмони ЮНЕСКО ворид гардид.
Имрӯзи соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.
Имрӯзи соли 2013 нахустин фестивал-намоишгоҳи коллексияҳои мошинҳо- «Авто-ретро Душанбе» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Имрӯзи соли 1944 дар Франсия бори нахуст занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан ба даст оварданд.
Имрӯзи соли 1951 Кумитаи миллии олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.
Имрӯз дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1939 доктори илми биология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Намоз Бердиев.
Соли 1966 олими таърихшинос, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ Маъруф Исоматов.
Машрабхони Қаландар (1956), 65-солагии зодрӯзи сароянда.
Абдусаттор Қаҳҳоров (1931), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика.
Зариф Фозилов (1966), 55-солагии зодрӯзи олими соҳаи техника.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ