Тақвими рӯз: Аз ҷароҳии асаб то таъсиси Федератсияи лижаронӣ
Дар имрӯзи соли 1970 дар Мюнхен аввалин маротиба чарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани асабҳо гузаронида шуд.
28 сол пеш аз дар имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
2 феврали соли 2003 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гандбол дастаи Хорватия дастаи Германияро бо ҳисоби 34-31 мағлуб кард ва чемпиони ҷаҳон шуд.
2 феврал Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи обу ботлоқзорҳо мебошад.
Инчунин дар ин рӯзи соли 1924 Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–60- солагии зодрӯзи Раҷабалӣ Азимов (1960), генерал-майор.
–75-солагии зодрӯзи Хадича Боирова (1945), олимаи соҳаи иқтисод.
–70- солагии зодрӯзи Эрмат Бобоҷон (1950), журналист. –70-солагии зодрӯзи Субҳонқул Камолиддинов (1950), олими соҳаи иқтисод.
–70-солагии зодрӯзи Юрий Обрубов (1950), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
–80-солагии зодрӯзи Нуриддин Салимов (1940-2002), файласуф, профессор.
–70-солагии зодрӯзи Гулхоҷа Ҷангибеков (1950), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ