Тақвими рӯз: Аз ҷашни Баҳмангон то зодрӯзи Ҷӯрабой Собиров
Баҳмангон яке аз ҷашнҳои эронӣ дар баҳманрӯз, баҳманмоҳ баробар ба рӯзи дуввуми баҳман аст. Эрониён ёздаҳумин моҳи сол ва дуюмин рӯзи ҳар моҳро ба номи ваҳман номгузорӣ карда, онро ҷашн мегиранд. Вожаи баҳман аз авастоии Vohumana (ваҳуман) гирифта шуда маъноҳои “андешаи нек” , “хиради муқаддас”-ро дорост.
Ваҳман яке аз ампшоспмандони наздик ба даргоҳи Аҳурамаздо мебошад. Зардушт барои дарёфти паёмҳои аҳуроӣ аз Ваҳуман ёрӣ мегирад. Посбони чаҳорпоён судманд дар олами ҷисмонӣ ба ин ампшоспзода вогузор мешавад. Аз ин рӯ зардуштиён дар ҷашни баҳмангон ё баҳманҷа, ки дар рӯзи баҳман аз моҳи баҳман воқеъ мешавад. Аз куштори ҳайвоноти судманд ва хурдани гӯшти онҳо худдорӣ мекунанд. Бархе зардуштиён парҳез аз хӯрдан ва куштанро дар тамоми рӯзҳои Баҳман идома медиҳанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ба дунё омадаанд. Аз ҷумла:
–105-солагии зодрӯзи Белла Монастирская (1915-1979), доктори илми тиб, профессор;
–60-солагии зодрӯзи Ҷӯрабой Собиров (1960), олими соҳаи физика;
–75-солагии зодрӯзи Хосият Улуғхоҷаева (1945), доктори илми иқтисод, профессор;
–90-солагии зодрӯзи Юрий Шербаков (1930), генерал-лейтенанти адлия;
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ