Тақвими рӯз: Аз 100-солагии “Инқилоб” то 10-солагии шиносномаи биометрӣ

Дар ҳамин рӯзи соли 1920 дар Самарқанд маҷаллаи тоҷикии “Инқилоб” ба нашр расид ва он ҳамагӣ 4 сол фаъолият кард.

Шуруъ аз 1 феврали соли 2010 дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон шиносномаҳои хориҷии навъи биометрӣ дода шуд. Ин навъи шиносномаҳо ба ҷуз маълумоти тақозошаванда оид ба ҳувияти шахс, ба мисли ному насабу таърихи таваллуд ва акс, инчунин дорои нақши ангуштони соҳиби он аст.

Ҷорисозии муқаррароти шиносномаҳои биометрӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба тақозоҳои созмони байналмилалии ҳавонавардӣ дар соли 2002 пешбинӣ шудааст. Он замон аз миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чунин шиносномаҳоро танҳо Қазоқистон ва Туркманистон ҷорӣ карда буданд.

127 сол муқаддам, 1 феврали соли 1893 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон дар Ню-Ҷерси аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киностудияи «Черная Мария»- ро таъсис дод.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–90-солагии зодрӯзи Хайрулло Абдуллоев (1930-2008), оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. 

–70-солагии зодрӯзи Хадича Абдуҳалимова (1950-1997), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–70-солагии зодрӯзи Холматҷон Аминҷонов (1950), олими соҳаи техника.

–70-солагии зодрӯзи Абдуқодир Неъматов (1950), олими соҳаи физика.

 –110-солагии зодрӯзи Нуриддин Пиримқулов (1910-1983), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–70- солагии зодрӯзи Олим Тулобоев (1950), олими соҳаи геология.

 –80- солагии зодрӯзи Турсун Усмон (1940), шоир.

–135-солагии зодрӯзи Тимофей Шапкин (1885-1943), яке аз барқароркунандагони Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *