Тақвими рӯз: Аз 60-солагии Азизи Азиз то 50-солагии Парвиз Пӯлодӣ
Азизи Азиз барои бачаҳо афсона ва ҳикоя менависад. Чанд китоби латифаю чистонҳояш низ ба чоп расидаанд. Вале бештар чун афсонанавис шинохта шудааст.
Дар китобҳои ў «Афсона ва ҳикояҳо» (соли 1989, «Адиб»), «Хандонак» (соли 1998, «Нодир»), “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (соли 1998, «Пайванд»), «Қарзи сарлашкар» (соли 2001, «Адиб»), «Донишманд ва девдарахт» (соли 2010, «Адиб»), «Афсонаи об», «Шаш ва нўҳ», «Саргузашти заргўшак», «Чилпо», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (соли 2013, «Истиқбол») беҳтарин навиштаҳояш гирд оварда шудаанд. Чанд афсонаи Азизи Азиз ба забони ўзбекӣ, русӣ, чехӣ, қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Парвиз Пӯлодӣ, овозхон ва ҳунарманди тоҷик, соли 1970 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Хатмкардаи донишкадаи ҳунарии ба номи Шепкини шаҳри Москва мебошад. Баъд аз хатми донишкадаи ҳунарӣ тӯли чанд сол дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба унвони ҳунарманд ва коргардон кор карда, сипас дар намоишномаҳое дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нақшҳо офаридааст.
Сипас, муддате овозхони гуруҳи ҳунарии “Сипар”-и ВКД Тоҷикистон низ будааст. Дар тӯли солҳои фаъолияташ Парвиз Пӯлодӣ овозхонӣ карда, ҳудуди сад оҳанг эҷод кардааст, ки бештаре аз онҳоро худаш ва писараш Ромизи Парвиз иҷро мекунанд.
Аз соли 2008 Парвиз Пӯлодӣ мудири Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор мебошад. Дар соли ҷорӣ Парвиз Пӯлодӣ дар ду филми ҳунарии коргардонҳои Русия нақши калидӣ иҷро кардааст, ки ин ду филм ба мавзӯи ҳузури нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон ва ихроҷи онҳо аз қаламрави ин кишвар рабт мегиранд.
Дар ин рӯзи соли 1950 Иттифоқи аврупоии радиошунавонӣ (Евровидение) таъсис дода шуд.
Ҳамчунин 12 феврал дар ҷаҳон рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ пазируфта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–60-солагии зодрӯзи Азизи Азиз (1960), нависанда.
–100-солагии зодрӯзи Василий Ермошкевич (1920-1989), олими соҳаи байторӣ.
–75-солагии зодрӯзи Нурулло Ивазов (1945-2002), олими соҳаи биология, профессор.
–50 -солагии зодрӯзи Парвиз Пӯлодӣ (1970), сароянда, актёри кино.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ