Тақвими рӯз: Аз даргузашти Ленин то тавлиди Кароматулло Мирзоев
Дар таърихи 21 январи соли 1924 асосгузори аввалин давлати сотсиалистӣ Владимир Илич Улянов аз дунё гузашт.
Ленин дар 5-солагӣ хонданро омӯхт, дар 9-солагӣ ба синфи якуми гимназияи Симбирск шомил гашт. Бо шавқи беҳамто сабақ мегирифт, лаёқаташ ҳайратовар буд ва ба таҳсил муносибати хеле ҷиддӣ дошт, ҳамеша бо тӯҳфа аз синф ба синф мегузашт. Аллакай дар солҳои наврасӣ ба Владимир мусибати сахтеро таҳаммул намудан пеш омад. Дар 15-солагӣ аз падар, дар 17-солагӣ аз бародари калонӣ маҳрум гашт.
Бо тири заҳролуд Владимир Илич захми вазнин бардошт. Баҳори соли 1922 доҳии болшевикон ба сактаи майна дучор гашт. Охири соли 1922 аввали соли 1923 ба ҳизб васиятномаи сиёсӣ навишта, чанд пешниҳоди муҳим иброз медорад. Сипас, қариб як сол дар бистари маризӣ бо ҷисми афгор хоб меравад ва 21 январи соли 1924 мемирад.
Дар имрӯзи соли 1941 Кароматулло Мирзоев нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Кароматулло Мирзоев соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Сипас муаллими мактаб, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990-2004) будааст.
Аз соли 2007 якчанд сол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бар зимма дошт. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат ва раиси Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви чандин кумитаю созмону комиссияҳои бонуфузи ҷумҳуриявист. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овардааст. Нахустин ҳикояи ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва китоби аввалинаш – қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пасиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.
Асарҳои нависанда бо забони суфтаю фасеҳи тоҷикӣ ба қалам омада, хислатҳои неку бади ҳамзамонони моро воқеънигарона ба риштаи тасвир кашидаанд ва муаллифашонро ба ҳайси яке аз шогирдони муваффақи мактаби нигорандагии Устод Садриддин Айнӣ ва давомдиҳандаи кори Сотим Улуғзодаю Ҷалол Икромию Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри муосири тоҷик шӯҳратёр намудаанд. Радиои ҷумҳурӣ дар асоси қиссаи «Дарди ишқ» ва қисмати аввали романи «Дар орзуи падар» радиотеатр офаридааст, ки писанди ҳамагонанд.
Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ Киностудияи «Тоҷикфилм» аввалин бор ба забони тоҷикӣ аз рӯи қиссаи «Дарди ишқ» филми ҳамноме ба навор гирифтааст, ки то имрӯз ҷолиби диққати тамошобинонанд. Дар заминаи романи сегонаи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат сериали ҳамноме танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон, маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст. Вобаста ба мавзӯи романи «Марги бегуноҳ», қиссаи «Нишони зиндагӣ» силсилафилм ва ҳикояи «Меҳри модар» филм омода ва пешкаши умум гардидааст.
Инчунин дар 20-уми январи соли 2000 шумораи аввали рӯзномаи «Азия Плюс» ба табъ расид, ки аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” қаламбадастони ин рӯзномаи воқеан ҳам хонданиро самимона шодбош гуфта, барояшон парвози баланди эҷодиро орзуманд ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
-100-солагии зодрӯзи Маҳмадулло Холов (1920), арбоби давлатӣ.
-75-солагии зодрӯзи Тағоймурод Гулов (1945-2013), доктори илми кишоварзӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
–70-солагии зодрӯзи Комилҷон Ғаниев (1950), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
–95-солагии зодрӯзи Аза Каримова (1925-2000), доктори илми филологӣ.
–65-солагии зодрӯзи Имомёрбек Қаландарбеков (1955), доктори илми техникӣ, профессор.
–70 солагии зодрӯзи Татяна Саидова (1950), файласуф.
–75-солагии зодрӯзи Шоиста Шоимардонова (1945), забоншинос (англисӣ).
–85 солагии зодрӯзи Исроил Юсуфӣ (1935-2006), шоир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ