Тақвими рӯз: Аз фармони вокуниши мансабдорон то таъсиси Иттиҳоди Аврупо
Дар ҳамин рӯзи соли 2009 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба имзо расид.
Соли 1980дар ҳамин рӯз аввалин маротиба ба рӯзноманигорони телевизион сабт намудани навор дар бинои Суди Олии Канада иҷозат дода шуд.
7 феврали соли 1792 ба шаҳрвандони ИМА ҳуқуқи дар Канада ройгон гирифтани замин дода шуд.
Имрӯзи соли 1863 дар ИМА аввалин оташнишон ихтироъ карда шуд.
28 сол қабл, 7 феврали соли 1992 шартнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид.
Инчунин 7 феврал инҳо мавлуд доранд:
–150-солагии зодрӯзи Николай Миронов (1870-1952), мусиқишиноси рус, муҳаққиқи мусиқии тоҷикӣ.
–110-солагии зодрӯзи Миркарим Саидов (1910-1940), актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ