Тақвими рӯз: Аз маҳдудияти никоҳ бо хориҷиён то фурудгоҳи нави Душанбе

Парлумони Тоҷикистон дар ҳамин рӯзи соли 2011 бо ислоҳи қонуне маҳдудиятҳое дар заминаи издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷиро ба роҳ монд, ки дар асоси ин ислоҳот хориҷиён бояд қабл аз издивоҷ бо шаҳрвандони тоҷик муддати як сол дар ин кишвар зиндагӣ карда, тибқи аҳдномаи ақди никоҳ барои ҳамсари худ манзили доимӣ гиранд.

Иловатан, дар ин санад ба нигоҳубини ҳатмии ҳамсарони корношоям ё маъюб ва фарзандон аз ҷониби зан ё шавҳари хориҷӣ таъкид шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз як қатор ҳаводиси муҳим ба вуҷуъ пайваста аст. Аз ҷумла,

-1930 Ба кор даромадани Корхонаи хишти ш. Душанбе

-1956 Анҷумани X Партияи Коммунистии Тоҷикистон кушода шуд.

-1963 Фурудгоҳи нави Душанбе ба истифода дода шуд.

-2016 Ҳукумат дубора «Тоҷик Эйр» -ро аз фурудгоҳи пойтахт ҷудо кард ва онро ба рӯйхати корхонаҳои Вазорати нақлиёт алоҳида илова намуд.

–Рӯзи байналмилалии гумрук.

Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ба дунё омадаанд. Аз ҷумла:

–105-солагии зодрӯзи Гурез Абдураҳмонов (1915-1974), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

–85-солагии зодрӯзи Наримон Бақозода (1935-2009), шоир. –60-солагии зодрӯзи Одили Икром (1960), шоири узбекзабони Тоҷикистон.

–90-солагии зодрӯзи Сайдулло Ҷӯраев (1930), олими соҳаи кишоварзӣ.

–70-солагии зодрӯзи Саъдулло Неъматов (1950), доктори илми педагогӣ, профессор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *