Тақвими рӯз: Аз мавлуди Муллоҷонов то рӯйдодҳои ҷаҳон
Имрӯз, 18 октябр мавлуд доранд:
Амонбек Қурбонбеков (1946), 75-солагии зодрӯзи доктори илми химия.
Мансур Муллоҷонов (1956), 65-солагии зодрӯзи наққош.
Исмоилҷонов Олимов (1936-2007), 85-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор.
Нафтулло Халфин (1921), 100-солагии зодрӯзи доктори илми таърих, профессор.
Иноятулло Ҳасанзод (1921), 100-солагии зодрӯзи файласуф.
18 октябр таҷлил карда мешавад:
Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Озарбойҷон.
***
Дар ИМА- рӯзи Аляска.
Рӯйдод:
18 октябри соли 2011 Тоҷикистон, Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар ИДМ-ро ба имзо расониданд.
***
18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид.
***
18 октябри соли 1922 Иттиҳодияи радиошунавонии британиягӣ- «ВВС» таъсис ёфт.
***
18 октябри соли 2007 дар Покистон бузургтарин таркиш дар таърихи ин кишвар ба амал омад: мошинҳои ҳамроҳикунандаи Беназир Бҳутто тарконида шуданд, ки бар асари он беш аз 130 нафар қурбон гардид.
***
18 октябри соли 1993 Латвия асъори нави худ – латро ҷорӣ намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ