Тақвими рӯз: Аз мавлуди Турдиев то оғози амалиёти ҳарбии Амрико дар Афғонистон
Имрӯз, 7 октябр мавлуд доранд:
Искандари Карим (1956-1993), 65-солагии зодрӯзи журналист.
Турдӣ Турдиев (1966), 55-солагии зодрӯзи генерал-майор.
Абдуҷалил Ҳабибов (1951), 70-солагии зодрӯзи доктори илми байторӣ.
***
7 октябр таҷлил карда мешавад:
Дар Арманистон- рӯзи китобдор.
***
Дар Россия- рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.
***
Дар Массачусетси ИМА- рӯзи пиронсолон.
Рӯйдод:
7 октябри соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон- «Ирфон» таъсис дода шудааст.
***
7 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
***
7 октябри соли 1977 Конститутсияи охирини Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.
***
7 октябри соли 1963 тӯфони «Флора» дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 нафар одам гардид.
***
7 октябри соли 2001 ИМА амалиёти ҳарбии худро дар Афғонистон оғоз намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ