Тақвими рӯз: Аз Рӯзи байналмилалии Наврӯз то Рӯзи ҷаҳонии Замин
21 марти соли 2013 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид. Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Россия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Касимжомарт Токаев ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.
21 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.
21 марти соли 2017 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк миёни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар робита ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо ибтикори мамалакати мо моҳи декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида буд, мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Рӯзи байналмилалии Наврӯз.
Рӯзи байналмилалии Замин.
Рӯзи байналмилалии назм.
Рӯзи байналмилалии ҷангал.
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ- Рӯзи ҳуқуқи инсон.
21 марти соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XIII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
21 марти соли 2015 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.
21 марти соли 1857 дар натиҷаи заминларза ва сӯхтор дар Токио зиёда аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
21 марти соли 1919 Ҷумҳурии Советии Венгрия соҳибистиқлол гардид.
21 марти соли 1990 Намибия истиқлолият ба даст овард.
21 марти соли 1993 дар раъйпурсӣ дар Тотористон 61%-и аҳолӣ барои соҳибистиқлолии мамлакат овоз доданд.
21 марти соли 2009 дар шаҳри Душанбе аввалин меҳмонхонаи панҷситорадор дар Тоҷикистон -«Hyatt Regency» ба истифода дода шуд.
–70-солагии зодрӯзи Мухриддин Ашӯров (1950-2007), генераллейтенант.
–80-солагии зодрӯзи Зӯҳро Аҳророва (1940-2013), доктори илми тиб, профессор.
–90-солагии зодрӯзи Зинаида Катриченко (1930-1992), наттоқи радиои тоҷик.
–70-солагии зодрӯзи Саъдулло Шарифӣ (1950), шоир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ