Тақвими рӯз: Аз Рӯзи фарҳанг то ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ
20 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.
20 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо намояндагони сершумори аҳли зиёи ҷумҳурӣ мулоқот намуданд.
20 марти соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Симпозиуми байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид.
20 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе бинои нави «Vefa Center» ифтитоҳ гардид.
20 марти соли 2014 сомонаи интернетии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври нав фаъол карда шуд.
Дар Тоҷикистон – Рӯзи зиёиёни эҷодкор.
Дар Тоҷикистон – Рӯзи фарҳанг.
Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ.
Рӯзи байналмилалии астрология.
Рӯзи забони франсузӣ.
Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт.
20 марти соли 1854 дар ИМА ҳизби ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.
20 марти соли 1917 фаъолияти Конститутсияи Финляндия барқарор карда шуд.
20 марти соли 1956 Тунис соҳибистиқлол шуд.
20 марти соли 1992 Ҷумҳурии Ингушистон соҳибистиқлол гардид.
20 марти соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон албоми суратҳои «Наврӯз – ҷашни куҳан ва ҷавон» нашр шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–70-солагии зодрӯзи Дилором Абдуллоева (1950), забоншинос (ӯзбекӣ).
–75-солагии зодрӯзи Маҳбуба Азимова (1945-2012), забоншинос (фаронсавӣ).
–85-солагии зодрӯзи Шомил Аминов (1935), доктори илми иқтисодӣ, профессор.
–75-солагии зодрӯзи Қаҳрамон Ашӯров (1945), олими соҳаи тиб.
–75-солагии зодрӯзи Ҳабибулло Бобоев (1945), олими соҳаи иқтисод, профессор.
–90-солагии зодрӯзи Абдулҳамид Воҳидов (1930-1988), журналист.
–90-солагии зодрӯзи Мухтор Камолов (1930-2009), олими соҳаи техника.
–90-солагии зодрӯзи Муҳсин Муҳаммадиев (1930-2002), олими соҳаи иқтисод.
–70-солагии зодрӯзи Ҳотам Нуров (1950), актёри театр.
–80-солагии зодрӯзи Ҷӯрахон Обидпур (1940), дирижёр, оҳангсоз, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
–80-солагии зодрӯзи Нурулло Ҳувайдуллоев (1940-1992), арбоби давлатию маъмурӣ, генерал-майори адлия.
–80-солагии зодрӯзи Олим Шамсиддинов (1940), олими соҳаи математика.
Ҳотам Нуров кист?
Актёри театру кино Ҳотам Нуров 20-уми марти соли 1950 дар деҳаи Сангтӯдаи н. Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Хатмкунандаи (1976) Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи ш. Маскав аст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1966 ба сифати раиси созмони талабагии мактаби миёнаи зодгоҳ шурӯъ карда, солҳои 1967-1970 коромӯзи студияи овозхонии Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, 1976-1977 хидмат дар Артиши Шӯравӣ, 1978-1979 мудири қисми басаҳнагузории ДДСТ ба номи М. Турсунзода, 1979-1987 актёр ва мудири қисми адабии Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов, 1988-1989 корманди Театри «Аҳорун», 1988-1995 мудири қисми эҷодии Театри «Лухтак», 19952007 дар корҳои роҳбарии хоҷагию ҷамъиятии н. Рӯдакӣ, 2007-2014 мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи номрафта кор кардааст. Дар бисёр спектаклҳои театр, намоишномаҳои телевизион образҳои ҷолиб офаридааст. Ҳунараш дар филмҳои зиёди тоҷикӣ, аз қабили силсилафилмҳои «Афсонаҳои Шаҳризод», «Ашк ва шамшер», «Дар орзуи падар», «Шоҳин» ҷило додаст. Ҳамчун драматург «Зол ва Рудоба», «Панди падар», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Чӯҷаи заррин», «Кӯҳ ба кӯҳ намерасад», «Бахтиёр ва Заркокул» барин драмаҳо навиштааст, ки масъалаҳои умдаи ахлоқӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстиро мунъакис сохтаанд. Бо ордени «Шараф» сазовор гардидааст.
Ҷӯрахон Обидпур кист?
Мутриб, оҳангсоз, дирижёр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷӯрахон Обидпур 20-уми марти соли 1940 дар деҳаи Бедаки н. Мӯъминобод ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (1960) ва Консерваторияи давлатии ш. Тошканд (1965). Корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (1965-1968), дирижёри оркестри созҳои миллии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ (1969-1970), директори Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (1970-1972), 1973-2002 омӯзгор ва мудири кафедраи созҳои миллии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, аз соли 2003 мудири кафедраи созҳои миллии Консерваторияи миллии Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи ду сюитаи овозию рақсӣ, ду фантазия, пиесаҳо барои рубоб, беш аз панҷоҳ хору сурудҳои бачагона аст, зиёда аз сад суруд бо ҳамовозии ансамбли созҳои миллӣ ва эстрадӣ эҷод кардааст, ки «Хобам наомад», «Мапӯшон рӯйро», «Сарвиноз», «Ишқи ман», «Эй дил», «Бути тоҷик», «Душанбе», «Навои тараб», «Баҳори нозанин» аз зумраи онҳоанд.
Китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, маҷмӯаи сурудҳо ва нотаҳои мусиқии «Дарси рубоб», «Чаманоро», «Савтҳои борбадӣ», «Хушмизроб», «Гулбонги рубоб», «Гулбоғи рубоб» ва ғайра аз даст баровардааст. Осор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ