Тақвими рӯз: Аз таъсиси ҶШС Тоҷикистон то Рӯзи кинои тоҷик
Шахсиятҳо и зерин имрӯз зодрӯз доранд:
Ҷурахон КАБИРОВ (1957), 65-солагии зодрӯзи арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ.
Ғанӣ МУЛЛОЕВ (1912-1979), 110-солагии зодрӯзи журналист, Корманди
шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Бадеъ Жола АБДУЛҚОСИМ (1922-2007), 100-солагии зодрӯзи шоири эронӣ.
Комил Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист
Синамои тоҷик фаъолияти худро 11-уми сентябри соли 1929 оғоз намудааст. Синамои (кинои) тоҷик дар тӯли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаасту имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Синамои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
11 сентябри соли 1929
Санҷиш хуб гузашту акнун мардум, тибқи анъанаҳои нави Ҳокимияти Шӯравӣ, омадани аввалин қатораи мусофиркаши Тирмиз-Душанберо, ки пойтахти тоҷиконро бо шабакаи роҳи оҳани умумииттифоқ мепайваст, нигарон буданд. Дар вокзали тозабунёди Душанбе миёни ҳозирин, ки аксарият намояндагони ҳукумат буданду бояд маҷлиси тантанавӣ доир менамуданд, се ҷавони аврупоӣ, ки дар сар кӯлоҳи базеби чармин доштанд, ба кадом як кори барои аксарияти ҳозирин номаълум машғул буданд. Онҳо рӯйи саҳнаи вокзал чобукона гоҳ ин сӯву гоҳ он сӯ ҳаракат карда, сепояи калонеро дар ҷое муқаррар менамуданд, рӯи он кадом дастгоҳеро ниҳода, гӯшаки онро тоб медоданд. Баъд ҳамин корро боз дар гӯшаи дигар анҷом медоданд. Баногоҳ таваҷҷуҳи ҳамаро поезди аз гардиш намудоршуда ба худ кашид, ки ҳуштак кашида меомад. Ҳаяҷону хурсандӣ ва тааҷҷубу ҳайрат ҳадду канор надошт, чунки ба ин куҳандиёри дурдасте, ки ҳатто роҳи ҳамвораш хеле кам буд, бори аввал “аспи оҳанин” ё, ба истилоҳи дигари мардуми содалавҳ, “шайтон-ароба” меомад.
Аз ҳозирини сари роҳи оҳан касе ба амали ҳайратовари се ҷавон дигар эътиборе намедод. Он сегона низ ба ваҷд омада, гӯшаки қуттиашонро гӯё беист тоб медоданду тоб медоданд. Паровоз фашшосзанон дуду бӯғ бароварда, дар назди майдончаи вокзал қарор гирифт.
Баъди чанд рӯз мардум ба Душанбе омадани поезд ва чеҳраҳои худу шиносонашонро дар пардаи кино дида, фаҳмиданд, ки ин се ҷавони аврупоӣ чикора будаанд. Ҳаваскорони кино Н. Гизулин, В. Кузин, А. Шевич, ки бо аппарати фартути киногирии «Кинамо», омадани поезди аввалро ба навор мебардоштанд, минбаъд дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун асосгузорони кинои тоҷик сабт шуданд. Василий Василевич Кузин дар ёддоштҳояш менависад, ки «15-уми октябри соли 1929 — рӯзи кушодашавии Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки дар рафти он оид ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР декларатсия қабул шуд, ба вакилон киножурнали нахустини “Тоҷикистони Cоветӣ” намоиш дода шуд. Он иборат аз ду сужет буд: “Рӯзи байналмилалии ҷавонон” ва “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе”. «Пас аз хотимаи қисми кории анҷуман дар саҳна пардаи сафед кашиданд. Миёни тақрибан 800 нафар ҳозирин, ки дар курсиҳо нишаставу дар роҳравҳо истода буданд, толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Садои ба кор даромадани дастгоҳи намоиши филм баланд шуду ҳозирин рӯи парда воқеаҳои ба қарибӣ дар пойтахт рухдодаро диданд. Чархи филм дароз набуд — ҳамагӣ 300 метр. Вале ҳамон бегоҳ кадрҳоро даҳҳо бор гаштаву баргашта тамошо мекарданд ва ҳар дафъа бо садоҳои хушҳолона ва кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол мегирифтанд».
18-уми майи соли 1930 трести истеҳсоли филми “Тоҷиккино” ё, ба истилоҳи дигар, киностудияи миллӣ таъсис ёфт. Худи ҳамон солҳо баробари таҳияи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ ҳар замон филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Вале филмҳои он давра сиёҳу сафед ва беовоз буданд. Оре, он вақт технологияи филмбардорӣ хеле соддаву заиф буд. Дар радифи филмҳои аввалини бадеии беовози ҳамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.
Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми «Муҳоҷир» (соли 1934, коргардон Комил Ёрматов) барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад.
Филмҳои машҳури синамои тоҷик дар замони шӯравӣ:
Р. Перелштейн — «Ман бо духтаре вохӯрдам» (ба забабони русӣ «Я встретил девушку»1957).
Тоҳир Собиров — “Писар бояд зан гирад” (соли 1959), “Марги судхӯр” (соли 1966).
Силсилаи “Афсонаҳои Шаҳрзод” (солҳои 1966, 1984, 1987), “Зане аз роҳи дур” (соли 1978), “Вохӯрӣ дар дараи “марг” (соли 1980).
Абдусалом Раҳимов — “Зумрад” (соли 1962), “Ситора дар тирашаб” (соли 1972).
Анвар Тӯраев — “Духтари сеюм” (соли 1970), “Ишқи нахустини Насриддин” (соли 1977), “Дарди ишқ” (соли 1989).
Марворид Қосимова — “Тобистони соли 43” (соли 1968), “Ҷӯра Саркор” (соли 1970), «Имрӯз ва ҳама рӯз” (соли 1979). 93 700 44 46
Суҳбат Ҳомидов — “Ривояти зиндони Павиак” (соли 1970).
Марат Орифов — “Муҳосира” (соли 1977), “Қалби ман дар куҳсор” (соли 1966).
Муқаддас Маҳмудов — “Қиссаҳои кӯтоҳ дар бораи бачаҳое, ки…” (соли 1962), “Рояли сафед” (соли 1969).
Давлат Худоназаров — “Субҳи нахустини ҷавонӣ” (соли 1979), “Марди роҳ” (соли 1982).
Валерий Аҳадов — “Дарвеши ланг” (соли 1986), “Асрори оила” (соли 1983).
Елизавета Кимёгарова — “Қиссаҳои Муки кӯчак” (соли 1983).
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба буҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби буҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд.
Дар даврони истиқлоли ҷумҳурӣ ҳамасола дар Тоҷикистон 16-уми октябр ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.
Имрӯзи таърих:
— Рӯзи кормандони кинои тоҷик.
— Рӯзи ҷаҳонии анестезологҳо низ таҷлил мешавад. Таърихи ин соҳаи тиб аз миёнаҳои асри 19 оғоз ёфт. 16-уми октябри соли 1846 дандонпизишки амрикоӣ Томас Мортон таҳти наркозҳои эфирӣ ҷарроҳӣ кард. Хамин тавр, бори аввал истифодаи бомуваффақияти анестезия барои ба вуҷуд овардани анестезияи умумӣ ба таври оммавӣ намоиш дода шуд.
— Соли 1929 ҶМШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳамчун кишвари сотсиалистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ пайваст.
— Соли 1998 нахустин шумораи ҳафтаномаи «Авиценна» аз чоп баромад.
Соли 2004 президенти Русия Владимир Путин бори аввал вориди Душанбе шуд. Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ як қатор санадҳои муҳим дар бораи сармоягузории Русия ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия, интиқоли маркази нахи оптикии Окно дар Норак ба имзо расид.
— Рӯзи ҷаҳонии нон, ки ҳамасола 16-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Яке аз маҳсулоти маъмултарин дар ҷаҳон, албатта, нон аст. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки он ҷашни худро дорад. Интихоби сана ба он вобаста аст, ки 16-уми октябри соли 1945 Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд.
Мувофиқи тадқиқоти илмӣ аввалин маҳсулоти нон қариб 8 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омада буд. Аз берун, онҳо мисли пирожниҳо буданд, ки аз ғалладона ва об омода карда, дар сангҳои гарм пухта шудаанд. Аввалин нони хамиртурушро дар Миср омӯхтанд. Албатта, ин рӯз сабаби дигари ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти гуруснагӣ, фақр ва камғизоӣ дар ҷаҳон аст.
— Рӯзи ҷаҳонии озуқа ҳамасола 16-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи мушкилоти ғизо аст, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Ва санаи имрӯза низ фурсатест барои мулоҳиза кардан дар бораи он, ки барои ҳалли мушкилоти глобалӣ — раҳоии инсоният аз гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатӣ чӣ корҳо анҷом дода шуданд ва чӣ бояд анҷом дода шавад.
— Рӯзи ошпазҳо. Дар ин рӯз бояд дар хотир дошт, ки ошпазӣ касб аст, бе истироҳат кор мекунад, барои ҳар як қадам, барои ҳар сухан, барои беҳбудии одамони тобеи худ масъулиятшинос аст.
— Рӯзи аллерголог. Ӯ табибест, ки дар табобат ва пешгирии аксуламалҳои аллергии бадан ва ихтилоли системаи иммунии инсон машғул аст. Истилоҳи «аллергия» дар юнонӣ маънои аслии «таъсири хориҷӣ»-ро дорад. Аллергияро вабои асри 21 меноманд, зеро шумораи одамоне, ки ба аксуламалҳои аллергӣ майл доранд, зиёд мешавад. Сабабҳои зиёде вуҷуд доранд, ки сар карда аз бад шудани муҳити зист, афзоиши истеъмоли маҳсулоти кимиёвӣ, истифодаи густурдаи антибиотикҳо дар тиб, аз ҷумла дар давраи кӯдакӣ ва ҳатто то фарзияи гигиенӣ, ки мегӯяд, рушди гигиена такмили табиии системаи иммуниро вайрон кардааст.
— 16-уми октябри соли 1964 дар Чин аввалин бомбаи атомӣ озмуда шуд. Дар майдони озмоишӣ дар наздикии кули Лоп Нор, дар шимолу ғарби кишвар, дар вилояти автономии Шинҷон-Уйғур таркиши бомбаи атомӣ ба амал омад. То 24-уми сентябри соли 1996, ки Чин шартномаи манъи умумии озмоишҳои яроқи ядроиро имзо кард, дар майдони озмоишхо ҳамагӣ 45 озмоиш (23-тоаш атмосфера ва 22-тоаш зеризаминӣ) гузаронида шуд. Соли 1980 Чин охирин озмоиши ҳастаии худро дар атмосфера гузаронд, тамоми озмоишҳои минбаъда дар зери замин гузаронида шуданд.
P.S. Дар ин рӯзи истироҳат ба шумо фароғати хушро таманно дорем. Бо Pressa.tj бошед ва хондани рӯзномаи “Тоҷикистон”-ро фаромӯш насозед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ