Тақвими рӯз: Аз таъсиси Facebook то манъи шиканҷа
Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи «Thefacebook»-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Имрӯз ин сомона ҳамчун машҳуртарин ва бузургтарин сомонаи иҷтимоӣ – Facebook дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг сарватмандтарин шахси олам ба шумор меравад.
Ҳамчунин 4 феврал Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон аст.
Дар ин рӯз кишвари Шри-Ланка Рӯзи истиқлолияти худро қайд мекунад.
Дар Ангола Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона аст.
Ва боз дар 4 феврали соли 1985 қатъномаи СММ дар бораи манъ кардани шиканҷа қабул гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–60-солагии зодрӯзи Алексей Ким (1960), доктори илми тиб, профессор.
–70-солагии зодрӯзи Қодиршои Одина (1950), шоир.
–75-солагии зодрӯзи Исломи Оқил (1945), шоир.
–115-солагии зодрӯзи Всеволод Шевченко (1905-1948), киноактёр ва кинооператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ