Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Маҳмуди Воҳид то Рӯзи Фалак
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Абдулҳамид Ҷураев (1932-2005), 90-солагии зодрӯзи доктори илмҳои
физика ва математика, профессор, академик, Ходими шоистаи илми
ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ.
Худойбердӣ Эгамбердӣ (1932), 90-солагии зодрӯзи журналист.
Вадуд Ғафуров (1937-1998), 85-солагии зодрӯзи доктори илми техникӣ,
профессор.
Тухтабой Ғаффоров (1942), 80-солагии зодрӯзи олими соҳаи иқтисодӣ, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
Ҳакимҷон Додоматов (1947), 75-солагии зодрӯзи олими соҳаи химия, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
Сайфулло Давлатов (1962), 60-солагии зодрӯзи доктори илми тиббӣ,
профессор.
Ҳилола Акрамова (1972), 50-солагии зодрӯзи олими соҳаи иқтисодиёт, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
Солеҳ Раҷабов (1912-1990), 110-солагии зодрӯзи доктори илми ҳуқуқ,
профессор, академик, арбоби шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи
Ҷоизаи ба номи Сино.
Бобоҷон Икромов (1957), 65-солагии зодрӯзи Нависандаи халқии
Тоҷикистон, драматург.
Маҳмудҷон Воҳидов, зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
ЗИНДАГИИ РАНГИН ВА МАРГИ МАРМУЗИ МАҲМУДИ ВОҲИД
Маҳмуд Воҳидов 10-уми октябри соли 1939 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Аз оилаи деҳқон. Аввалин бор Маҳмудҷон Воҳидов дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри М. Турсунзода «Мамлакати тилоӣ» ва баъди қарсакзаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро хонда, шуҳрату муваффақиятро соҳиб гардид. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар ба саҳна баромад. Вай нахустин бор бо ҳазорон нафар рӯ ба рӯ шуд. Баъди бозгашт аз Маскав дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон як сол кор кард ва сипас якбора ба курси 3-юми шуъбаи тоҷикии Донишкадаи ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав дохил шуд. Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС)-ро соли 1960 хатм кард. Солҳои 1960-1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ кард. Аз 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.
Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, 1960), Незнамов (“Гунаҳгорони бегуноҳ»-и А. Островский, 1962,1974), Кассио («Отелло»-и У. Шекспир, 1963), Бежан («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ, 1970), Эзоп («Эзоп»-и Г. Фигейреду, 1971), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, 1973) беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр ҳастанд.
Дар саҳнаи тоҷик Воҳидов асосгузори намоиши театрӣ бо иштироки як актёр аст. Ӯ овози ширадор ва диди шоирона дошт. Асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон, Воҳидов мураттиб, коргардон (режиссёр) ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли
«Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967),
«Ватан ва фарзандон» (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969),
«Ишқи зиндагӣ» (аз рӯи ашъори Ҳофиз, 1971) ва ғ.
Истеъдоди режиссёрии ӯ дар спектакли «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода (1976), дар нақши Пашков худи Воҳидов) равшан зоҳир шудааст.
Маҳмуд Воҳидов инчунин дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм»: «Зумрад» — нақши Шариф (1961), «Ҳасани аробакаш» — Раҷаб (1965),
«Ҷӯра Саркор» — котиби райком Қодиров (1965), «Достони Рустам» — Тӯлод (1971); «Ситора дар торикистон» — Аҳмади Дониш (1972),
«Асрори гузаргоҳ» — Олим (1973) ва ғайраҳоро бозидааст. Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо иштирок кардааст.
Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973) барои иштирок дар кинофилми «Достони Рустам».
Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Маҳмуд Воҳидов дар айни камолот дар сафари эҷодӣ 12-уми ноябри соли 1977 дар шаҳри Бағдод вафот кардааст.
Имрӯз дар таърих:
— Рӯзи байналмилалии саломатии равонӣ.
— Рӯзи ҷаҳонии варзиш.
— Рӯзи Фалак.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ