Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Мастон Шералӣ то Конгресси нахустини ҷаҳонии ҷонибдорони сулҳ

Имрӯзи соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хати барқии 500- киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Имрӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби Кумитаи ҳизбӣ — роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфтанд.

Имрӯзи соли 2016 дар  Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Швейтсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.

Имрӯзи соли 2012 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2012 ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

Имрӯзи соли 2017  дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир шуд.

Имрӯзи соли 2007 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолуддини Румӣ баргузор гардид.

Имрӯзи соли 2018 дар Душанбе сиёсати бехатарии давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуд.

Имрӯзи соли 1949  Конгресси нахустини ҷаҳонии ҷонибдорони сулҳ баргузор гашт

Имрӯзи соли 1940 дар ИМА аввалин микроскопи электронӣ ба намоиш гузошта шуд.

Имрӯзи соли Клуби футболи «Рубин»-и Россия таъсис дода шуд.

Имрӯз дар Россия рӯзи миллии донорҳо шинохта шудааст.

Имрӯз дар Чин Рӯзи забони чинӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1931 — доктори илмҳои таърихӣ, профессор Ҳақназар Назаров.

Соли 1934 — драматург Абдусалом Атобаев.

Соли 1935 — шоир Мастон Шералӣ.

Соли 1938 — коргардон, ҷоизадори мукофоти давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев.

Соли 1939 — нависанда Ҷамолиддин Тошматов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *