Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Муътабар Баҳромова то Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Розия ИБРОҲИМОВА (1932), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
Зоя ПЕРЕВАЛОВА (1912-1991), 110-солагии зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Муътабар БАҲРОМОВА (1937), 75-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Имрӯзи таърих:
— 90-солагии таъсисёбии (1932) ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва
Шуғнони ВМКБ.
— Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ таҷлил мешавад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО бо мақсади баланд бардоштани огоҳии умумӣ дар бораи зарурати эътирофи аҳамияти ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ таъсис дода шудааст. Мероси аудиовизуалӣ филмҳо, барномаҳои радио ва телевизион, сабти аудио ва видеоро дар бар мегирад.
— 70 сол пеш таъсири радиатсионӣ бори аввал барои мубориза бо варамҳои ашаддӣ истифода мешуд. Ин 27-уми октябри соли 1951 дар Донишгоҳи Саскачеван (Канада) таҳти роҳбарии Ҳаролд Ҷонс рӯй дод. Мақсади терапияи радиатсионӣ нобудшавии ҳуҷайраҳое мебошад, ки варамро ташкил медиҳанд: ҳар қадар равандҳои мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайра фаъолтар бошанд, таъсири зараровари радиатсионӣ ба он қавитар мешавад. Дар айни замон, ҳуҷайраҳои муқаррарии бадан ба чунин тағйирот дучор намешаванд, зеро онҳо ба радиатсия бештар тобоваранд.
Табобати радиатсионӣ яке аз се усули пешбари табобати саратон мебошад. Дар баробари усулҳои ҷарроҳӣ ва тиббии табобат, табобати радиатсионӣ метавонад ба табобати пурраи баъзе бемориҳо ноил шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ