Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи мутарҷими «Шуълаи инқилоб» то рӯзи байналмилалии таксистҳо

22 марти соли 2014 дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ду сол пеш, 22 марти соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии махсус  таҳти унвони «Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда», ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид  дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида буд,  баромад кард.

Рӯзи байналмилалии захираҳои об.

Рӯзи байналмилалии таксист.

Дар Лаос – Рӯзи Ҳизби халқӣ.

22 марти соли 2016 дар қароргоҳи  Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин дар вазъияти тантанавӣ маросими расмии баимзорасии Созишнома дар бораи  ба Непал додани мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ баргузор гардид.

22 марти соли 1876 Конститутсияи Испания қабул гардид.

22 марти соли 1882 Конгресси ИМА бисёрникоҳиро манъ кард.

22 марти соли 1989 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати ҳамлу нақли партовҳои хатарноки истеҳсолот дар қаламрави давлатҳои гуногун ба имзо расид.

22 марти соли 1994 дар Брюссел Протокол оид ба асоси ҳамкории Россия ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.

22 марти соли 1951 аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  Студияи марказии телевизионӣ таъсис дода шуд.

Соли 1934  аввалин шумораи рӯзномаи «Коргарони Хуҷанд» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») нашр шуд.

Соли 1922 дар шаҳри Новониколаевка (ҳоло Новосибирск) аввалин шумораи маҷаллаи «Сибирские огни» аз чоп баромад.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–85-солагии зодрӯзи Сироҷиддин Алиев (1935), олими соҳаи геология.

–80-солагии зодрӯзи Алексей Панасюк (1940), забоншинос.

–105-солагии зодрӯзи Додоҷон Тоҷиев (1915-1987), доктори илми филологӣ, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.

–120-солагии зодрӯзи Ҳасан Ирфон (1900-1973), нависанда, мутарҷим.

–65-солагии зодрӯзи Ҳимоҳиддин Юлдошев (1955), доктори илми биологӣ, профессор.

Ҳасан Ирфон кист?

Ҳасан Ирфон

Нависанда ва мутарҷими маъруф Ҳасан Ирфон 22-уми марти соли 1900 дар ш. Самарқанд по ба арсаи гетӣ ниҳодааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, курси дусолаи ҳисобдории (бухгалтерия) шаҳри Петроградро (ҳоло Санкт-Петербург) ба охир расондааст. Соли 1919 дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ба ҳайси тарҷумон заҳмат кашида, минбаъд сарвари корхонаи абрешим, тарҷумони комиҷроияи вилояти Самарқанд, директори чопхонаи Комиссариати халқии заминдории Ӯзбекистон, муаллими забони форси Университети давлатии Самарқанд кор кардааст. Аз соли 1960 дар нафақа қарор гирифт ва машғули фаъолияти эҷодӣ гардид.

Ӯ донишомӯхтаи мактаби куҳан ва мактаби нав буд, забони русиро хеле хуб медонист, аз ин рӯ ба тарҷумаи бадеӣ камар баст ва аз русӣ ба тоҷикӣ осори нависандагони барҷастаи хориҷиро зиёд баргардон намуд. Бо заҳматаш қаҳрамонони асарҳои Максим Горкий, Алексей Толстой, Даниэл Дефо, Жюл Верн, Роберт Ҷованоли, Робиндранат Такур ва дигар ситораҳои тобони адабиёт ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд.

Дар пешбурди тарҷумаи бадеии тоҷик саҳми босазо гузоштааст, Таҷрибааш дарси ибрат барои мутарҷимони навкор аст. Як роман ва як повест (қисса) низ нигошта, хештанро ба ҳайси нависандаи борикбин муаррифӣ намудааст.

Зӯҳро Аҳророва кист?

Доктори илми тиб, профессор Зӯҳро Аҳророва 22-юми марти соли 1940 дар ш. Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дида ба олами ҳастӣ кушодааст, Хатмкардаи ИДТТ (1963) аст. Ординатори клиникӣ (19631969), ассистент (1969-1991) ва мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ (1991-2011) кор кардааст. Оид ба санҷишҳои топографии ғалаёнӣ дар ташхиси бемории оби марворид (глаукома), нишондодҳои клиникию эпидемиологӣ ва тиббию иҷтимоии глаукома таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи қариб 150 асару мақола, 17 тезис ва 4 навоварӣ аст. Бо ордени «Шараф» қадр шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *