Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Носир Саидов то ҷоизаи мусиқавии American Music Award
Носир Саидов 19 феврали соли 1966 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Факултети коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1989 хатм карда, баъди хатми Донишкада фаъолияти кориашро дар киностудияи «Тоҷикфилм» дар вазифаи ёрдамчии коргардон шурӯъ карда, то соли соли 1991 дар ин муассиса кор кардааст. Аммо ҳануз дар замони донишҷӯ буданаш малакаҳои кориро аз беҳтарин устодони донишкада ва устодони амалӣ аз қабили Мақсудшоҳ Ҳимматшоев ва Валерий Аҳадов аз худ намудааст.
Фаъолияти эҷодии Носир Саидов асосан аз соли 1990 шурӯъ мешавад. Ӯ дар филми мазҳакавии “Бозиҳои бегона” ба сифати ёрдамчии коргардон корро оғоз кард. Даврони такмилёбии касбияти ӯ дар Маскав пушти сар шудааст. Соли 1991 барои кор ба шаҳри Маскав меравад ва то соли 1993 дар театр-студияи «Полуостров» ва баъд аз он то соли 1997 дар студияи “Мосфилм” дар вазифаҳои коргардон ва саркоргардон фаъолият дошт. Баъдан, ба студияи “Ввысь” мегузарад, ки то замони баргаштан ба Тоҷикистон кор кардааст. Дар ин давра ӯ дар офаридани филмҳои «Ман ваъда медиҳам, ки меравам”, (Я обещала, я уйду» кинокомпания «Тискино», 1991), «Зиндагии шахсии малика» («Личная жизнь королевы» «Мосфильм», 1993),«Падари маҳтобӣ» («Лунный папа» 19999), «Шик» (2003), «Танкер «Танго» (2005) дар вазифаи коргардони дуюм нақш доштааст. Инчунин, дар соли 1996 саркоргардони филми мустанади “Дар ҷустуҷӯи дустон” («Тоҷикфилм») мебошад. Соли 1999 Носир Саидов ба ватан баргашт ва дар идораи мусиқии телевизиони Тоҷикистон дар вазифаи саркоргардон фаъолият дошт. Як сол баъд, дар идораи мусиқии ТВТ саркоргардони барномаи “Субҳ” таин мешавад. Фаъолияташ дар ин муассиса дер напоид, боз ба Маскав бармегардад. Аз соли 2003 то соли 2004 дар ҷои кори қаблиаш — студияи «Ввысь» кор мекунад.
Се офаридаи ӯ дар солҳои охир нишон дод, ки филми тоҷик ҳанӯз зинда аст. Филми «Қиёми рӯз»-и ӯ аз башумор филмҳо дониста мешавад, ки дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ҳадс мезананд, ки шояд аввалин филм дар сатҳи байналмилалӣ бошад. Ин аст, ки дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмиллалӣ шудааст. Аз ҷумла филми «Қиёми рӯз» дар кинофестивали ҷаҳонии “Керала” дар Ҳиндустон, дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмиллалӣ дар Ҷопону Русия, Ҳинду Итолиё ва Ҳоланд ширкат карда ва ҷоизаҳоро ба даст овард. Дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон “Қиёми рӯз” дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тиллоӣ» -ро ба худ гирифт. Ин ҷоиза барои беҳтарини кори коргардонӣ ба ин филм дода шудааст.
Филми дигари номии ӯ «Оинаи беҷило» дар соли 2013 ба навор бардошта шуд.
Филми «Муаллим»-и ӯ дар соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Аз ҷумла ҳунарманди маъруфи эронӣ Маҳнози Афшор нақши асосиро бозидааст. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Ин филм бори дигар маҳорати беҳамтои Носир Саидовро ба намоиш гузошт. Соли 2004 бо ифтихорномаи Президенти Тоҷикистон мукофонида шудааст. Аз соли 2000 узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон мебошад. Оиладор соҳиби ду фарзанд аст. Писараш Парвиз дар филми «Оинаи беҷило» аз нақшҳои асосиро офаридааст.
Дар ин рӯз соли 2007 сомонаи нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.mfa.tj рӯнамоӣ карда шуд.
10 сол пеш, 9 феврали соли 2010 дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи мунтахаби Бангладеш қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 3:1 ғалаба ба даст овард.
Имрӯзи соли 1878 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон фонограф (аввалин асбоб барои сабт ва аз нав ҳосил кардани садо) – ро ихтироъ намуд.
Ҳамчунин 19 феврали соли 1921 куҳантарин рӯзномаи Россия — «Труд» («Меҳнат») таъсис дода шуд.
Ва боз 19 феврали соли 1974 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи мусиқавии америкоӣ — American Music Award баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
Абдулхалат Боҳиров (1908- 1989)- доктори илми геологӣ, профессор.
Игор Ершов (1907 — 1974) — рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Тӯхта Иброҳимова (1939) — сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Яъқуб Сабзанов (1929-2013) — оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Носир Саидов (1966)- коргардони синамо.
Мардон Султонов (1937) — доктори илмҳои физикаю математика, професср.
Ҳафизулло Урунов (1910 — 1971) — актёри театр.
Франк — Каменитский Лев (1902 — 1983) — доктори илми тиб, профессор.
Флора Ҳакимова (1934) — сароянда.
Соломон Лучанский (1925-2007), олими соҳаи педагогика.
Қаюм Самадов (1935), олими соҳаи физика.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ