Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи овозхони «Республикаи ман» то тавлиди Муҳаммад Алӣ
Аҳмад Бобоқулов, Артисти халқии СССР, профессор 17 январи 1931 дар Сталинобод ба дунё омада, 18 майи 1990 дар Душанбе) аз дунё гузаштааст Шодравон баъди хатми мактаби миёна соли 1949 ба Консерваторияи Маскав (1954, таҳти сарпарастии дотсент В. Ф. Карин) ва аспирантураи консерваторияи мазкур (1962) хатм кардааст.
Солисти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ (1954-56 ва 1966—1981) ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1956—1966), роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ. Ҳамзамон солҳои 1967—1975 дотсент, профессор ва мудири кафедраи вокали факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ва аз соли 1976 устоди факултети вокал ва театрию операвии ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд.
Дар ин рӯзи соли 1942 муштзани ҳирфаии амрикоӣ, яке аз муштзанҳои маъруф дар таърихи бокси ҷаҳонӣ Муҳаммад Алӣ ба дунё омада аст.
Муштазни сиёҳпӯсти амрикоӣ дар солҳои 1960-ум номдор шудааст. Зидди ҷанги ИМА ба муқобили Ветнам (1967—1973) эътироз баён намуда ба зиндон маҳкум шудааст. Онҷо дини исломро қабул намуда номашро Муҳаммад Алӣ гузоштааст ва бо ҳамин ном ба ҷаҳониён маъруф гаштааст.
Ӯ дар синни 75-солагӣ 3 июни соли 2016 дар Амрико вафот кардааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ба дунё омадаанд. Аз ҷумла:
-127-солагии зодрӯзи Розия Озод (1893), модари академик Бобоҷон Ғафуров.
-75-солагии зодрӯзи Тағоймурод Аскаров (1945), олими соҳаи тиб.
-70-солагии зодрӯзи Гуландом Аюбҷонова (1950), раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
-70-солагии зодрӯзи Матлубхон Давлатов (1950), арбоби давлатӣ, олими соҳаи иқтисод.
-70-солагии зодрӯзи Умарҷон Тоиров (1950), доктори илми тиб, профессор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ