Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Парда Қосим то таваллуди кӯдак дар ҳавопаймо

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Абдулло НАЗАРОВ (1922-1996), 100-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Мунаввара Махкамова (1937), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи таърих.

Парда Қосимов (1947), 75-солагии зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Парда Қосим — тараннумгари таронаю оҳангҳои шӯху дилнавоз

Парда Қосим — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2001) 13-уми октябри соли 1947 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро соли 1965 ба итмом расонида, беш аз сӣ сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд. Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» мебошад.

Барномааш аз осори шуарои классик ва муосири тоҷик, таронаю оҳангҳои шӯху дилнавоз ва рақсии тоҷикӣ ва дигар халқҳои Машриқзамин таркиб ёфта, ҳар сурудро бо маҳорати баланд иҷро мекунад. «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Қӯшчинор», «Қошуқ метарошам», «Суруши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Дилбари панҷӣ», «Наврӯзи оворагӣ», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Муроде талабам», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Дурри ноёб», «Рӯзи доварӣ», «Борҳо гуфтаам», «Гаҳвораи Сино», «Абрӯ мапарон», «Сайри лолазор», «Ошён монад», «Эй дард», «Мардумаки дида», «Маҳтобаки ман», «Дило», «Қаламқош», «Бӯса ба дарё задам», «Афсона хоҳам шуд», «Шаби барфӣ» барин таронаҳояш ҳаводорони бешумор пайдо кардаанд. Ба баъзе сурудҳо худ оҳанг навиштааст. Ба ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст. Ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.

Аз сиёсат: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок менамояд.

Имрӯз дар таърих:

— Соли 2011 дар ҳавопаймои Ту-154-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки дар хатсайри Душанбе-Маскав парвоз мекард, писарбача ба дунё омад.

— Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамасола 13-уми октябр таҷлил мешавад ва дар ин рӯз СММ мардумро ташвиқ мекунад, ки донишҳои ҷамъкардаи худро дар соҳаи коҳиши хатари офатҳо мубодила кунанд.

— Рӯзи ҷаҳонии тромбоз дар бисёр кишварҳо 9 сол боз 13-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Он аз ҷониби Ҷамъияти байналмилалии тромбоз ва гемостаз таъсис дода шудааст ва ин рӯз барои таҷлили зодрӯзи олими олмонӣ Рудолф Вирхов, пешрав дар патофизиологияи тромбоз интихоб шудааст. Ҳадафи асосии ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи мушкилоти марговаре, ки дар натиҷаи ихтилоли лахташавии хун ба вуҷуд омадааст, паҳн кардани маълумот дар бораи ин мушкилот, аз ҷумла сабабҳо, омилҳои хавф, нишонаҳо ва аломатҳои он, пешгирӣ ва табобат мебошад.

— 229 сол пеш дар ин рӯз санги аввал ба пояи қароргоҳи раисиҷумҳури Амрико гузошта шуда буд, ки аз соли 1902 ба ин сӯ расман “Кохи Сафед” номида мешавад. Он аз ҷониби меъмори ирландии амрикоӣ Ҷеймс Ҳобан тарҳрезӣ шудааст. Пас аз 8 сол президенти ИМА Ҷон Адамс ва хамсараш Абижаил аввалин сокинони “Кохи Сафед” шуданд. Кохи Сафед — қароргоҳи кории доимии президенти Иёлоти Муттаҳида дар маркази Вашингтон, дар хиёбони Пенсилвания ҷойгир аст. Он тақрибан 7,2 гектарро дар бар мегирад. 6 ошёна (дутоаш таҳхона), 132 ҳуҷра, 32 ҳаммом, 147 тиреза, 412 дар, 3 лифт, 7 зина дорад. Бинои асосӣ ҳоло ҳам манзили истиқоматӣ мебошад, ки дар он хонаҳои оилаи президент ҷойгиранд, дохили онҳо бо услуби асрҳои 18 ва 19 тарҳрезӣ шудааст.

— Имрӯз як ҷашни ғайриоддии байналмилалӣ низ таҷлил мешавад. Дӯстдорони зебоӣ ҳамасола 13-уми октябр Рӯзи байналмилалии либосро ҷашн мегиранд. Ташаббускорони ин ҷашн ҳаводорони сериали машҳури мазҳакавии амрикоии «Чӣ тавр ман модаратро вохӯрдам» мебошанд. Яке аз қаҳрамонҳои асосии сериали телевизионӣ Барни Стинсон калимаи «Даст кунед!»-ро бештар истифода мебарад, ки маънои «Либос гиред!»-ро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *