Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Тоҷинисо Саидова то рӯзи ҳимояи ҳуқуқи духтарон

Имрӯз шахсиятҳои зерин ба дунё омадаанд:

Полина САТСКАЯ (1927), 95-солагии зодрӯзи доктори илми педагогӣ, профессор, академик, Корманди шоистаи илми Тоҷикистон.

Борон АЙНИЕВ (1967), 55-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.

Аҳмад ҒАНИЕВ (1927-2003), 95-солагии зодрӯзи ҳайкалтарош, Ходими

шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Солеҳ РАҶАБОВ (1912-1990), 100-солагии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1967).

Тоҷинисо САИДОВА (1953), 69-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Аз нақшофарӣ дар театр то филмҳои бадеӣ. Тоҷинисо Саидова кист?

Тоҷинисо Саидова ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006), 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст.

Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ (1975-1991) фаъолият доштааст. Аз соли 1991 актрисаи театр-студияи «Оина» мебошад.

Малакааш дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ҳувайдост, вале симоҳои драмавӣ ва фоҷиавиро низ хуб меофарад. «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмуъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак» барин намоишномаҳо бо иштирокаш рӯи саҳна омадаанд. Дар даҳҳо теленовеллаи «Оина», бисёр спектаклҳои телевизионӣ («Дугонаҳо ба театр мераванд», «Зани оҳанин») нақшофарӣ кардааст.

Нақши Тоҷинисо Саидова дар кинои тоҷик низ назаррас аст. Филмҳои бадеии «Хатти парвоз», «Дар ҷарӣ» (2 қисм), «Қӯшатир», «Бозавқтар нигоҳ кун» (3 қисм), «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ», «Чашмаи хостаҳо», бо иштироки ин ҳунарпешаи мумтоз наворбардорӣ шудаанд.

Имрӯз дар таърих:

11-уми октябр — Рӯзи байналмилалии духтарон, ки ба хотири эътирофи ҳуқуқи духтарон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ эълон шудааст.

11-уми октябр — Рӯзи умумиҷаҳонии Ҳофиз.

11-уми октябр — Рӯзи ҷаҳонии фарбеҳӣ. Имрӯз фарбеҳӣ ва афзоиши шумораи одамони дорои вазни зиёдатӣ аксар вақт бо бемориҳои системаи дилу раг ва саратон дар як саф гузошта мешавад.

11-уми октябри соли 1949 бори аввал Кодекси байналмилалии этикаи тиббӣ таҳия карда шуд. Кодекс аз ҷониби Ассамблеяи 3-юми генералии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии тиббӣ дар Лондон қабул карда шудааст. Аз он вақт инҷониб он танҳо се маротиба нав карда шуд: солҳои 1968, 1983 ва 2006.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *