Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Ваҳҳоб Набиев то рӯзи кашфи Амрико

Имрӯз шахсиятҳои зерин зодрӯз доранд:

Ваҳҳоб НАБИЕВ (1952), 70-солагии зодрӯзи доктори илмҳои таърих,

профессор.

Зевари ҚАНДИЛ (1952), 70-солагии зодрӯзи наттоқи радио, Корманди

шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Хосият ХОҶАЕВА (1942), 80-солагии зодрӯзи сароянда, раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Уктам ҲАМРОЕВ (1932), 90-солагии зодрӯзи собиқадори матбаа, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикстон.

Аз фаъолияти омӯзгорӣ то мушовири президент. Ваҳҳоб Набиев кист?

Ваҳҳоб Машрафович Набиев — муаррих, доктори илмҳои таърих (1998), профессор, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия 11-уми январи соли 1952 дар деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети таърих ва аспирантураи кафедраи таърихи ҲКИШ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад.

Дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:

1975-1984 — лаборанти калон, ассистент, муаллими калон Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

1984-1997 — котиби комитети комсомоли Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, инспектор-методисти кумитаи комсомоли ноҳияи Фрунзеи Душанбе ва Вазорати мактабҳои олии Тоҷикистон;

1997-2003 — мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

2003-2007 — ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

2007-2010 — муовин, муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд;

2010-2012 — ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

2012-2014 — профессор-мушовири кафедраи таърихи Ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

2014-2018 — мудири кафедраи таърихи ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

Аз соли 2018 профессор-мушовири кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Соли 1986 дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон ёрдамчии фаъолони ҳизби коммунистӣ дар татбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929-1941)» рисолаи номзадӣ, соли 1998 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)» дифоъ намудааст. Силсилаи китобу монографияҳои ӯ «Бо номи дӯстӣ ва бародарӣ: таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)», «Комсомол ва фарҳанг», «Комсомоли Тоҷикистон дар дигаргунсозии маданияти деҳот», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Самараи ризоият», «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат», «Сайри гули лола: ҷустуҷӯ, бозёфт ва комёбиҳо», «Навниҳолони боғи истиқлол», «Иҷлосияи тақдирсоз ва самтҳои асосии ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон», «Сулҳ, Ризоият, Ваҳдат», «Ҷонфидоёни Ватан», «Фарҳанг ва ҷавонон», «Ваҳдат — ганҷи ҷовидони миллат», «Нигоҳе ба фарҳанги миллии тоҷикон», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Посдори фарҳанги миллӣ», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон», «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва ғайра мебошад.

Бо медалҳои «Хизмати шоиста», «20-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои фахрӣ ва Сипосномаҳои КМ ВЛКСМ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР, КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Вазорати маданияти Тоҷикистон, ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрии Кировски КПСС вилояти Мурманск, Кумитаи вилоятии Смоленски ВЛКСМ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишонҳои ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ба номи академик Аловаддин Баҳоваддинов мукофотонида шудааст.

Имрӯз дар таърих:

— 85-солагии таъсисёбии (1937) авиатсияи санитарӣ дар Тоҷикистон.

— Имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии артрит аст. Ҳадафҳои асосии рӯз ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти бемориҳои ревматологӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи артрит дар ҳама шаклҳои он, муттаҳид намудани саъю кӯшиши табибон, беморон ва ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ, ташхиси барвақт, тавонбахшии тиббию иҷтимоии беморони артрит мебошад. Тибқи маълумоти ТУТ, ҳар даҳумин сокини сайёра аз артрит азият мекашад.

— 211 сол пеш дар ин рӯз дар Мюнхен нахустин ҷашнвораи пиво баргузор шуд (ҷашни Октоберфест). Дар ин ҷашни оммавӣ, ки дар Мюнхен баргузор мегардад, миллионҳо дӯстдорони пиво ҷамъ меоянд. Айни замон, Октоберфест ҳар сол санаи нав дорад, ки аз нимаи моҳи сентябр сар мешавад. Фестивал тақрибан се ҳафта давом мекунад ва аз он беш аз 7 миллион сайёҳон дидан мекунанд.

— Санаи расмии кашфи Амрико маҳсуб мешавад. Дар ин рӯзи соли 1492 экспедитсияи Кристофер Колумб ба ҷазираи Сан-Салвадор расид. Ба ифтихори кашфи Амрико аз ҷониби Колумб, ки миллаташ испанӣ аст, дар Испания рӯзи 12-уми октябр ҷашни миллӣ — Рӯзи миллати Испанияро ҷашн мегиранд, ки онро Рӯзи Испониё низ меноманд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *