Тақвими рӯз: Манъи никоҳи хешутаборӣ ва бекоршавии лимити барқ

Имрӯз 14 январи соли 2020 аз қабули тағйирот ба қонун «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки никоҳ миёни хешу таборони наздикро манъ мекунад ва қонун дар бораи муоинаи тиббии ҳатмии навхонадорон пеш аз издивоҷ мавриди амал қарор мегирад, 4 сол пур гардид.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, минбаъд никоҳ миёни фарзандони бародарону хоҳарон ва фарзандони амаку тағо ва холаву аммаҳо манъ шуда, ғайр аз ин, навхонадорон уҳдадор шуданд, ки пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббии ҳатмии бепул гузашта, хун супоранд ва мақомоти САҲШ низ бидуни пешниҳоди чунин маълумотномаҳои тиббӣ ба бастани ақди никоҳ ҳуқуқ надоранд.

Инчунин дар имрӯзи соли 2017 Дар Тоҷикистон лимити интиқоли барқ пурра бекор карда шуд. Инро бори аввал президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эълон карда буд.1939 — Дар Тоҷикистон аввалин истгоҳи зилзиласанҷӣ ба истифода дода шуд.

  • 1959 — Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии XII Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.
  • 1972 — Дар ҷумҳурӣ аввалин иттиҳодияи чарм ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд.
  • 2016 — Тоҷикистон тағиротро дар бораи танзими раванди интихоби номҳои кӯдакони навзод аз ҷониби волидони тоҷик қабул кард.

Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

  • 70-солагии зодрӯзи Муҳаммадҷон Умаров (1950- 2017), мутарҷим (арабӣ).
  • 65-солагии зодрӯзи Наим Ҳакимов (1955-2016), санъатшинос, профессор.
  • 165-солагии зодрӯзи Бронислав Громбчевский (1855-1926), этнографи лаҳистонӣ, муҳаққиқи анъанаҳои тоҷик.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *