Тақвими рӯз: Нашри аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”

Имрӯзи соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» нашр шуд.

Бухорои Шариф — рӯзномаи нахустини форсии тоҷикӣ

Бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” аз 11-уми марти соли 1912 дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л. Н. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когон (нашр гардид.

Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862-1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публитсисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877-1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишмандони забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва рӯзноманигори маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862-1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Таърихи мухстари рӯзнома

Маорифпарварони Бухоро баҳри таъсис додани рӯзнома бо забони мардуми таҳҷойии Бухоро мудири матбаа Левини яҳудиро барои фоидаи зиёд дидан аз чопи рӯзнома шавқманд гардонида, розӣ кунониданд. Дар мактуб ба Элчихонаи рус (Консулгарии Империяи Русия дар аморати Бухоро воқеъ дар Когон) таъкид доштанд, ки таъсис додани нашрияе ба забони мардуми маҳаллии Бухоро ба рушду ривоҷи муносибатҳои тиҷоратии Бухорову Русия кумак мекунад. Инчунин, барои итминони амири Бухоро ва Элчихонаи рус, Мирзохоҷа Мирзобадаловро, ки дар Элчихонаи рус мутарҷим буд, ба ҳайси мудири масъули нашрия муаррифӣ карданд. Рӯзномаи “Бухорои шариф” дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони сода аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омӯхтани илму дониш ва мақолаҳои ташвиқотӣ оид ба ин масъала чоп мешуданд.

Рӯзномаии “Бухорои шариф” аввалин бор хонандагони тоҷик ва тоҷикзабони бухороиро бо асарҳои нависандаи бузурги рус Л. Н. Толстой (таҳти сарлавҳаи “Осори Гроф Толстой” 12 асари ӯро чоп кардааст), “Ҳикояҳои чинӣ”-и адиби фаронса Анри д. Рине, “Данко” ва “Кампир Изергил”-и А. М. Горкий ва бо дигар асарҳои нависандагони дунё шинос намудааст.

Ҷадидони Бухоро инчунин дар Аморати Бухоро мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта, аз 14-уми июли соли 1912 сар карда, то 2-юми январи соли 1913 рӯзномаи “Тӯрон”-ро (ҳамагӣ 49 шумора) низ ба забони ӯзбекӣ нашр намуданд.

“Бухорои Шариф” пас аз шаш моҳи фаъолият ба мушкилиҳо дучор шуд. Аввал, Левини яҳудӣ, ки аз чопи нашрия фоидаи кам дид, аз чопи он даст кашид. Аз тарафи дигар, умедвории ноширони “Бухорои шариф” аз дастгирии оммавӣ, торафт афзудани муштариёну харидорони нашрия бароварда шуд. Вале умри кӯтоҳи “Бухорои шариф”-ро танҳо сабаби молӣ набуд. Садриддин Айнӣ бо ишора ба ин менависад, ки “Бухорои Шариф” ва «Турон» «рӯз ба рӯз диққати мардумро ба худ бештар ҷалб мекарданд… Дар тасаввури хонандагон фикрҳои нав пайдо шудан гирифт. Ин вазъ ба кайфи Элчихона мувофиқ наомад». Рӯзномаи “Бухорои шариф” ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва ниҳоят, баста шуд. 2-юми январи соли 1913 аз ҷониби Элчихонаи Россия ба унвони идораи нашрия мактубе расид, ки бо хоҳиши амир аз боздошта шудани нашри рӯзномаҳои “Бухорои шариф” ва «Турон» хабар медод.

Ҳамчунин, имрӯзи соли соли 2015 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзуҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.

Имрӯзи соли 2016 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Белорус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Венгрия, Бразилия, Бруней ва Того эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Имрӯзи соли 2007 дар шаҳри Душанбе Форуми серӯзаи матбуоти форсизабонон ифтитоҳ гардид.

Имрӯзи соли 2009 дар пойтахти Олмон намоиши сайёҳии ITB Berlin-2009 баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар он раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ намуд.

Имрӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид.

Имрӯзи соли 1993 Парлумони Гурҷистон қонунеро қабул намуд, ки ба ҳамаи истиқоматкунандагони мамлакат, новобаста аз донистани забони гурҷӣ шаҳрвандӣ дод.

Имрӯзи соли 1702 аввалин шумораи рӯзномаи англисизабони «The Daily Courant» нашр шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *