Тақвими рӯз: Рӯзи ҷаҳонии бемор ва таъсиси Донишкадаи политехникӣ
10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.
Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Инчунин дар имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бемор шинохта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–80-солагии зодрӯзи Даврон Ашӯров (1940-2003), арбоби ҷамъиятӣ, файласуф, журналист.
–90-солагии зодрӯзи Бобоҷон Мавлонов (1930-2003), кулол, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
–80-солагии зодрӯзи Евгения Нарзуллоева (1940-2012), олимаи соҳаи тиб, профессор.
–70-солагии зодрӯзи Исматулло Файзиев (1950), доктори илми педагогӣ, профессор.
–60-солагии зодрӯзи Саъдулло Ҳайдарӣ (1960), журналист, муҳаққиқ.
–70- солагии зодрӯзи Аъзами Ятим (1950), наттоқи радио.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ