Тақвими рӯз: Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил
24 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшиданд.
24 марти соли 2017 Сарвари давлат ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд.
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил.
24 марти соли 2009 дар шаҳри Тошканд давраи 7-уми Мусобиқаи 3-юми байналмилалии шоҳмот барои хотираи Георгий Агзамов баргузор гардид. Дар давраи 7-ум шоҳмотбози беҳтарини тоҷик Фаррух Амонатов бо 5,5 хол ҷойи 2-юмро ба даст овард.
24 марти соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зертобеи СММ, вазъи минтақа ва дигар мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардиданд.
24 марти соли 1956 унвони фахрии «Мураббии варзидаи ИҶШС» таъсис дода шуд.
24 марти соли 1990 дар Ӯзбекистон мақоми президентӣ ҷорӣ карда шуд.
24 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Венгрия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
24 марти соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–90-солагии зодрӯзи Ҳотам Аҳтамов (1930-1998), олими соҳаи иқтисод.
–65-солагии зодрӯзи Абдураҳмон Ашӯров (1955), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
–60-солагии зодрӯзи Отабек Ғоибов (1960), нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон.
–105-солагии зодрӯзи Ҷӯрахон Искандаров (1915-1970), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
–90-солагии зодрӯзи Умурзоқ Қобилов (1930), арбоби давлатӣ.
–80-солагии зодрӯзи Зуҳуриддин Суярӣ (1940-1993), Журналисти шоистаи Тоҷикистон.
–65-солагии зодрӯзи Исмоил Талбаков (1955-2016), арбоби ҳизбию ҷамъиятӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ