Тақвими рӯз: Рӯзи дандонпизишкон
Дар ин рӯзи соли 2016 барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.
Имрӯз дар Федератсияи Россия Рӯзи илм шинохта шудааст.
8 феврали соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия созишнома ба имзо расид.
Ва боз 8 феврал Рӯзи ҷаҳонии дандонпизишкон дониста мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
–110-солагии зодрӯзи Абдулло Бобохонов (1910-1998), Меъмори халқии СССР.
–75-солагии зодрӯзи Музаффар Дониёров (1945), олими соҳаи биология.
–80-солагии зодрӯзи Нурулло Исобоев (1940), журналист-суратгир.
–115- солагии зодрӯзи Арнолд Краус (1905-1958), олими соҳаи тиб.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ