Тақвими рӯз: Зодрӯзи Аброр Зоҳир ва таъсиси Википедия
Нависандаи тоҷик Аброр Зоҳир 15 январи соли 1965 дар Сарбанд дида ба ҷаҳони равшан кушодааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аст.
Солҳои 1989-1992 нозир ва мудири шӯъбаи кумитаи комсомоли вилояти Қурғонтеппа, 1993-1994 мудири шӯъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 1994-1999 ёвари раис, сардори раёсати иттиҳодияи «Тоҷиккино», 1999-2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм», 2005-2007 сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007-2011 директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Аз соли 2012 директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе буд.
Ӯ 23 ноябри соли 2015 аз дунё гузашт.
Аброр Зоҳир аз пурмаҳсултарин адибонест, ки баъди соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба майдони адабиёти тоҷик ворид гардидааст. Муддати бист сол аст, ки қиссаю романҳояш анқариб яке аз паси дигаре ба нашр мерасанд. Нависандаи тасвирнигор аст, на воқеасоз, зиндагии инсон бо ҳама бешу камиаш, шодиву нишот ва ғаму андӯҳаш тариқи амалиёти образу персонажҳо ба риштаи тасвир меоянд. Тасвирнигориаш мавриди фурӯ рафтан ба умқи масъала, баёни мушкилот ва печутоби зиндагии инсон, ибрози ошкоро ва урёни масоили доғи рӯз, чун касодии маънавӣ, харобии ахлоқ ва амсоли инҳо ҷолиб аст
Инчунин дар ҳамин рӯзи соли 2001 Википедия (Донишномаи ҷаҳонӣ) аз ҷониби Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер ва фақат ба забони англисӣ ба номи wikipedia.com ба шабакаи Интернет васл шуд. Ҳоло дар Википедиа 1 115 679 матлаб ва 100 137 саҳифа вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
– 90-солагии зодрӯзи Абдуллоҷон Абдураҳмонов (1930-1978), олими соҳаи кишоварзӣ.
– 80-солагии зодрӯзи Қурбон Алиев (1940), доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
– 65-солагии зодрӯзи Абдулҳақ Аҳатов (1955), олими соҳаи тиб.
– 60-солагии зодрӯзи Ҳафиз Мирзо (1960), журналист.
– 70-солагии зодрӯзи Зайниддин Муҳиддинов (1950-1995), арбоби ҷамъиятӣ, журналист.
– 80-солагии зодрӯзи Файзалӣ Наҷмонов (1940-1993), адабиётшинос.
– 90-солагии зодрӯзи Азалшо Олимов (1930-1999), варзишгар, чемпиони СССР оид ба самбо (1955).
– 85-солагии зодрӯзи Киром Остонзода (1935-2013), шоир, адабиётшинос.
– 70-солагии зодрӯзи Нурмуҳаммад Пӯлодзода (1950), нависанда.
– 80-солагии зодрӯзи Низом Султонов (1940), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
– 90-солагии зодрӯзи Субҳон Тӯйғун (1930), шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 60-солагии зодрӯзи Раҷабмох Файзалиева (1960), журналист.
– 70-солагии зодрӯзи Ҳайдар Ҷӯраев (1950), журналист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ