Таҳқири духтарчаи тоҷик дар мактаби русӣ

Мирзоқул Ҳоҷиматов як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русияи зиндагӣ мекунад, аз таҳқир шудани наберааш дар яке аз мактабҳои Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Нигаронии ҳоҷиматов дар ҳолест, ки таҳқиру озори зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия рӯз аз рӯз меафзояд.

Ҳоҷиматов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст:

“Чанд мушоҳида: Саҳарӣ набераам, ки дар клоси 4-уми мактабе дар Русия таҳсил мекунад, аз ман иҷозат пурсид, ки баъди дарс ба зодрӯзи ҳамдарсаш таклиф шудаасту онҷо рафтанист. Монеаш нашудам, вале аз кор ки баргаштам ӯро дар хона дида пурсидам, ки чаро нарафтӣ? Сар хам карду гуфт, ки муаллима дар поёни дарс пурсид, ки чанд нафар ба ҷашни зодрузи фулонӣ рафтаниед? Аз 25 ҳамдарсҳо 20 нафар даст бардошта будем, ки яке аз ҳамдарсҳоям ба ман тамасхуромез ишора карда ба соҳибҷашн » магар инро ҳам таклиф кардӣ?» -гуфт ва ҳама хандиданду муаллима ҳарфе назад…

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимои муҳоҷирони тоҷик аз таъқиру бадбини нисбаташон аз тарафи русҳо шикоят мекунанд.

Баъзан вақт дар наворе дида мешавад, ки муҳоҷири тоҷикро як тӯдаи тоссарҳо лату кӯб доранд ваё мавриди масхараву бадбини қарор мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *