Таҳқиру дашном ӯро ҳам ба маҳбас бурд
Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои дашному таҳқир, паст задани шаъну эътибор як сокини шаҳри Душанберо дастгир ва дар асоси қарори суд ба ҳабс гирифтанд.
“Сокини пойтахт бо аризаи шикоятӣ ба унвонии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада Приора», рақамҳои қайди давлатиаш 7077УА01 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ронандаи автомашинаи мазкур роҳи пиёдагузари назди боғчаи кӯдаконаи «Лола», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо банд намуда, монеи гузаштани пиёдагардон шудаааст. Бар замми ин номбурда аз пайи ислоҳи қоидавайронкунии худ нагардида, бо муроҷиаткунанда даст ба гиребон ва дар назди атрофиён бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задаст”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.
Баъди боздошт натиҷаи санҷиш муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада Приора», рақамҳои қайди давлатиаш 7077УА01 шаҳрванд Юнусов Азиз Турсунбекович, соли таваллудаш 6.09.1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маҳмудбек мебошад. Ӯ оиладор, соҳиби 3-фарзанд аст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни пурсиш ва таҳқиқи ҳодисаи мазкур пурра муайян карда шудааст, ки дастгиршуда Азиз Юнусов дар ҳақиқат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи муроҷиаткунандаро паст задааст.
Нисбат ба Азиз Юнусов тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ