Таҳдиди ҳуҷуми Русия ба Украина?! Худаш чӣ гап?

Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс рӯзи 15-уми феврал барои дидору гуфтугӯ бо президенти Русия Владимир Путин ба Маскав меравад. Ин сафар чун яке аз охирин талошҳои раҳбарони ғарбӣ барои мутақоид кардани Кремлин барои даст кашидан аз ҳама гуна иқдоми низомӣ алайҳи Украина ва интихоби роҳи дипломатия ба шумор меравад.

Мустақар кардани беш аз 100 ҳазор нирӯ дар хати сарҳади Русия бо Украина нигарониҳое аз эҳтимоли ҳуҷуми нирӯҳо ба Украинаро ба миён овардааст. Пеш аз ин бо айни чунин ҳадаф ба Маскав президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва ду вазири бритониёӣ сафар карда буданд.

Дар мулоқоти дирӯзааш бо президенти Украина Владимир Зеленский дар Киев, ки ду соат давом кард, Шолтс гуфт, барои истиқрори нирӯҳо дар хати марз бо Украина “ҳеҷ далеле намебинад”. Шолтс аз Русия тақозо кард, ки барои коҳиши танишҳо иқдомҳои билофосила бигирад. Шолтс инчунин дар нишасти матбуотиаш бо Зеленский гуфт, “мо омодаи муколамаи ҷиддӣ бо Русия дар масоили амният дар Аврупо мебошем”.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи таҳдидҳои эҳтимолии ҳуҷуми Русия ба Украина, рӯзи 16-уми февралро Зеленский Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кардааст. Манобеи истихборотии ИМА гуфтанд, ки эҳтимол дорад 16 феврал Русия даст ба иқдомҳои низомӣ алайҳи Украина занад. Худи Русия то ҳол ин нигарониҳоро беасос номидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *