Таҳдиди хатари бузург ба инсоният
Олимон гуфтаанд, ки ҳаёт дар рӯи замин чӣ гуна тағйир меёбад. Тафсилотро аз маводи зер дарёбед.
Ифлосшавӣ ва сӯхторҳои ҷангалро коршиносони Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) хатари аслӣ барои башарият эълом кардаанд. Дар ин бора Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гузориш нашр кардааст.
Олудагии садоӣ ва сӯхторҳои ҷангал ба табиат ва саломатии инсон бештар зарар мерасонанд,- мегӯяд Sputnik.
Бар асари сӯхтор коршиносон гуфтаанд, дар ҷангал дарахтҳо ба зудӣ аз худ кардани партовҳои газҳоро қатъ карда ва баръакс, ба тавлиди он шуруъ мекунанд. Сӯхтор дар минтақаҳои ҷангал ба ифлосшавии об ва обшавии пиряхҳо таъсир мерасонад.
Дар гузориш омадааст, ки «дар навбати худ, олудагии садоӣ ба рушди асабонияти доимӣ мусоидат мекунад ва ба хоб таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи ин метавонад боиси бемории дил, сустшавии шунавоӣ, инчунин инкишофи ихтилоли равонӣ гардад».
Коршиносони СММ хатари сеюми асосро десинхронизатсияи экосистема номиданд, ки бо фарорасии барвақти баҳор ва фарорасии дери тирамоҳ дар арзҳои муътадил ва субқутбӣ алоқаманд аст.
Муҳаққиқон мутмаинанд, ки ин равандҳо аллакай саршумори 117 намуди парандагони аврупоиро, ки дар тирамоҳ ба Африқо муҳоҷират мекунанд ва дар аввали баҳор ба шимол бармегарданд, коҳиш додааст.
Қаблан «таҳдиди асосии табиӣ ба ҳаёт дар рӯи замин як вулқони бадҳайбат аст»,- гуфта буд хабарнигори илмии нашрияи даниягӣ Berlingske Ларс Хенрик Огор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ