Таҳдиди норасоии шадиди ғизо ба беш аз 15 миллион нафар дар Афғонистон
Бино ба эълони Барномаи ҷаҳонии озуқа, пешгӯӣ мешавад, ки 15,3 миллион нафар дар Афғонистон то моҳи октябри соли 2023 ба таври ҷиддӣ дар сатҳи изтирории ноамнӣ аз ғизо қарор хоҳанд гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 3,2 миллион нафар дар Афғонистон аз норасоии шадиди ғизо азият мекашанд ва дар моҳи гузашта ба 367 ҳазор занону кӯдакон ғизои махсуси серғизо барои пешгирӣ ё табобати камғизоӣ кумак карда шудааст.
Ҳамзамон, зикр мегардад, ки 28,8 миллион нафар ё аз се ду ҳиссаи аҳолии Афғонистон дар соли 2023 ба кумакҳои башардӯстонаи гуногунсоҳа ниёз доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ