Таҳдиди Русия ба ИМА: Агар ба Украина низомиёнро фиристонед…
Агар нерӯҳои низомии ИМА ба Украина фиристода шаванд, Амрико ба оқибатҳои ногувор дучор хоҳад гардид.
— Бо ин мазмун ба Вашингтон муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко таҳдид кардааст,- хабар медиҳад РИА “Новости”.
Дипломат таъкид кардааст, ки фиристодани низомиёни ИМА ба қаламрави Украина боиси буғранҷгардии авзоъ дар минтақа ва афзоиши таниш дар равобити Ғарб ва Маскав мешавад. «Ман бовар дорам, ки ба ҳар ҳол дар Вашингтон одамони оқил ҳастанд ва хавфи пурраи чунин амалҳоро дарк мекунанд»,- гуфтааст ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ