Таҳдиди таҳрим болои варзиши Русия зиёд мешавад

Дар пайи ба расмият шинохтани Ҷумҳурии халқии Донетск ва Ҷумҳурии халқии Луганск аз ҷониби Русия давлатмардони варзишии Аврупо таҳдиди ҷорӣ кардани таҳримҳоро болои варзиши ин кишвар зиёд карданд.

Аз ҷумла, Федератсияи футболи Лаҳистон аз FIFA хост, ки вохӯрии даври ҳамроҳшавии Чемионати ҷаҳон-2022, ки бояд аз дастаҳои Русия ва Лаҳистон яке соҳиби роҳхат шаванд, на дар Русия, балки дар майдони бетараф гузаронида шавад.

Ҳамчунин, чанде аз дигар давлатмардони олами футболи Аврупо аз UEFA хостанд, ки Русия аз мизбонии бозии финалии Лигаи чемпионҳо маҳрум карда шавад. Финали Лигаи чемпионҳо дар ин мавсим бояд дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шавад, аммо талабгорони таҳрим мехоҳанд, ки ин ҳақ ба Лондон дода шавад. Ҷониби Русия то ҳол ба ин таҳдидҳо ҷавоб надодааст ва FIFA бо UEFA низ дар ин самт иқдоме накардаанд ва вокунише низ нишон надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *