Таҳияву нашри «Назаргоҳи аҳли дил»
Китоби “Назаргоҳи аҳли дил” ба нашр расид, ки ба ҳаёт ва фаъолияти адиби шинохтаи тоҷик Абдулқодири Раҳим бахшида шудааст.
Дар ин маҷмуа нигоштаҳои муҳаққиқон (Соҳиб Табаров, Раҳими Мусулмониён, Шамсиддини Солеҳ, Мурод Мурод, Субҳони Аъзамзод, Кибриёхон Атоева ва ғайра), адибон (Абдулҳамид Самад, Гулрухсор, Зиё Абдулло, Маҷид Салим, Бузургмеҳри Баҳодур), журналистон (Камоли Қурбониён, Ҳуринисо Ализода, Қурбон Мадалиев, Ҷумъахон Темурзода, Одил Нозир) ва дигарон гирд оварда шудааст.
Китоби мазкурро дӯсту ҳамкори адиб, ҳунаршиноси номвар Маҳмадуллоҳи Табарӣ таҳия кардааст. Дар матолиби китоб асарҳои алоҳидаи адиб мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳам давраҳои муҳими ҳаёту эҷодиёташ даврабандӣ ва осораш хулосабарорӣ гардидааст.
Маҷмуаи мазкур ҳамвора барои муҳаққиқону ихлосмандони эҷодиёти адиб, пажуҳишгарону донишандӯзони адабиёти муосир ва умуман, доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ