Таҳмина Олимова ба даст афтод

Пулиси Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.Ӯ Тахмина Олимова мебошад, ки дар ватанаш ба қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам дониста мешавад.

Вай аз моҳи август то декабри соли 2022 ба эътимоди чанд сокини Тоҷикистон, ки дар маркази савдо кор мекунанд, даромада, ваъда дода, ки пули онҳоро бо қурби мувофиқ ба асъори хориҷӣ иваз мекунад ва аз онҳо маблағи муодили беш аз 3 миллион рубл гирифтааст. Вай ин маблағҳоро барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф кардааст.

Пас аз содир кардани ҷиноят, айбдоршаванда ба қаламрави Федератсияи Русия фирор карда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *