Таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия

Иттиҳодияи Аврупо ҳарими ҳавоии ҳавопаймоҳои Русияро баст ва таҳримҳо алайҳи Бонки марказиро шадидтар кард.

Иттиҳодияи Аврупо фуруд, паридан ва парвози ҳавопаймоҳои Русияро дар болои қаламрави худ манъ кардааст. Илова бар ин, амалиёти марбут ба идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказии Русияро манъ намудааст.

Ҳуҷҷат дар маҷаллаи расмии ИА нашр шудааст. «Бояд барои ҳама гуна ҳавопаймоҳое, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русия истифода мешаванд… ё барои ҳама ҳавопаймоҳои дар Русия сабтиномшуда ё барои ҳама гуна ҳавопаймоҳои дар Русия сабтином нашуда, ки аз ҷониби ягон шахс ё муассисаи Русия, ки ба иҷора гирифта шудаанд ё ба таври дигар назорат мешаванд, манъ карда шавад паридан ё аз болои территорияи Иттифоқ парвоз кардан»,- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Дар он ҳамчунин зикр гардидааст, ки Иттиҳодияи Аврупо амалиёти марбут ба идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказии Федератсияи Русияро манъ кардааст. Илова бар ин, маҳдудиятҳо ба ҳама гуна шахсони ҳуқуқӣ, ки аз номи Бонки марказии кишвар ё бо дастури он амал мекунанд, татбиқ мешаванд.

Истисноҳо низ дар он ҷо навишта шудаанд: муомилот бо Бонки марказӣ метавонад иҷозат дода шавад, агар онҳо барои таъмини суботи молиявии Иттиҳоди Аврупо дар маҷмуъ ё кишварҳои узви он зарур бошанд.

Дар ҳамин ҳол, кишваре, ки бахше аз Иттиҳодияи Аврупо аст, бояд фавран шарикони худро аз тасмими худ дар бораи иҷозаи ҳар гуна амалиёт бо Бонки марказии Русия огоҳ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *