Таҳримоти Ҷопон алайҳи Путин, Лавров ва Шойгу
Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон алайҳи Путин, Лавров ва Шойгу таҳрим эълон кард.
ТОКИО, 1-уми март
Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон тафсилоти таҳримҳои ҳукумат алайҳи Русия дар робита ба авзоъ дар Украинаро нашр кард. Ҳамин тариқ, шаш намояндаи раҳбарияти кишвар, аз ҷумла, президент Владимир Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва вазири дифоъ Сергей Шойгу таҳти таҳримоти шахсӣ қарор гирифтанд. Илова бар ин, таҳримҳои шахсӣ нисбати муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ Валерий Герасимов ва дабири Шӯрои амният Николай Патрушев татбиқ мешаванд.
Агар ошкор шавад, дороиҳои онҳо дар Ҷопон боздошта мешаванд. Ба ғайр аз ин, таҳримҳои ташхисотӣ нисбати 49 компания ва ташкилот бароварда шудааст. Аз он ҷумла ФСБ, ГРУ, АО “РАК “МиГ”, корпоратсияҳои давлатии Ростех ва ғайраҳо.
Ба феҳристи таҳримҳо Бонки Русия, ВЭБ ва Промсвязбанк низ шомил шудаанд. Илова бар ин, Токио содироти маҳсулоти таъиноти умумиро манъ кардааст, ки таҳвили онҳо метавонад ба афзоиши иқтидори низомии Русия, бахусус нимноқилҳо мусоидат кунад.
Рӯзи 21-уми феврал дар посух ба муроҷиати ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск бо дархости эътирофи истиқлолияти онҳо, Путин фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24-уми феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина хабар дод. Вазорати дифоъ таъкид кардааст, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ зарба намезананд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ