Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалӣ

Имрӯз, 17 март дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳ таҷлил гардид.

Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода зимни суханронӣ аз саҳми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар раванди байналмилаликунонии ҷашни миллии Наврӯз ёдовар шуда, иброз намуд, ки соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатънома доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз аҳамияти умумибашарии ин ойини бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯсти кишвар мебошад.

Дар чорабинии идонаи донишгоҳ меҳмонон аз як қатор вазорату идораҳо ва кумитаву муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касби иштирок ва суханронӣ намуданд.

Донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *