Таҷлил аз рӯзи хотирмон
Таърих гувоҳ аст, ки 5 декабри соли 1941 фашистони гитлерӣ чандин шаҳрҳои атрофи Москваро забт карда, дар ҳоли тасарруфи пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Аммо дар ин рӯзи тақдирсоз, Артиши сурх аз тамоми нерӯ ва қувва истифода бурда, болои ҷангҷуёни фашистӣ ҳамлаи ҷавобиро роҳандозӣ кард, ки дар натиҷа гитлерчиёни ғаддор ба ҳамла тоб наоварда, ақибнишинӣ карданд. Ва ин рӯзи таърихиро аксар кишварҳои собиқ ИҶШС ботантана ҷашн гирифта, ёд аз ҷонфидоёни Ватан мекунанд.
5 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббус ва ибтикори сафорати Федаратсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии собиқадорони “Бародарони ҳамяроқ”, мустақар дар базаи ҳарбии 201-и Федаратсияи Росия дар Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи ҳамлаи ҷавобии Артиши сурх ба муқобили фашистон ва ёди ҷанговарони шаҳид, дар оромгоҳи қаҳрамонони ҶБВ бо иштироки афсарону аскарони базаи ҳарбии 201 Федератсияи Россия воқеъ дар Тоҷикистон, собиқадорони ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сарбозони интернатсионалист поси хотираи шаҳидон доир гардид.
Зимни ифтитоҳи ҷамъомад, сафири Федератсияи Россия Лякин-Фролов Игор Семёнович аз ин рӯзи хотирмон ёдовар шуда, қайд карданд, ки маҳз далерию ҷонфидоии ҳомиёни Ватан ва дар муқобили душманон истодагариву азми қатъии қавму миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки фашистон ба ҳамлаи густурдаи артиши пурқудрати Шӯравӣ тоб наоварда, ақибнишинӣ карданд. Игор Семёнович аз саҳму нақши ҷанговарони шуҷоъу далери тоҷик дар ин ҳамлаи ҷавобӣ ситоиш карда, таъкид карданд, ки ҷавонмардони тоҷикистонӣ аз худ номи нек ба ёдгор гузоштаанд, ки имрӯз аксари он ҷонфидоёни Ватан дар қабристонҳои бародарии аскари номаълум дар атрофи шаҳри Москва бар хоби абад рафтаанд.
– Маҳз иттиҳоду ҳамбастагии миллатҳои гуногуни собиқ ИҶШС буд, ки – афзуд Игор Семенович, душман имкони вориди шудан ба шаҳри Москваро пайдо накард ва ин рӯз дар зеҳну тафаккури ҳар фарди бедордили кишварҳои собиқ ИҶШС, ҳамчун рӯзи поси хотири шаҳидон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки аз 16 ноябр то моҳи декабри соли 1941 дар атрофи шаҳри Москва нерӯҳои фашистӣ мустақар гашта, вилоятҳои Москва, Тула, Калинин, Рязан, Смоленск ва Орловро ба тасарруфи худ дароварда, шаҳри Москваро ба иҳота гирифта буданд. То ворид шудани душманон ба шаҳри Москва, ҳамагӣ чанд масофа монда буд. Ҷиҳати дифоъ аз пойтахти собиқ ИҶШС, тамоми Артиши Шӯравӣ сафарбар карда шуд ва 5 декабри соли 1941 дар пайи ҳамлаи ҷавобии сарбозони Шӯравӣ ҳамлаи гургонаи гитлерчиён, ки ду баробар аз шумораи аскарони шуравӣ бештар буд, пас гардонида шуд. Теъдоди зиёди душман куштаву маҷруҳ ва шумораи зиёди онҳо ба асорат афтоданд. Фашистон 155 ҳазор нафар куштаву захмӣ ба ҷой гузошта, беш аз 800 адад техникаи ҷангиву тонкҳояшон несту нобуд карда шуданд.
Ҷиҳати муқобила бо фашистон, тамоми неруҳои захиравию ихтиёриён, дар маҷмуъ 1100 ҳазор нафар аскар, 7652 адад техникаи ҷангӣ, 774 адад тонк ва беш аз 1000 адад самолётҳои ҷангии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Ҳарчанд талафоти ҷонӣ миёни сарбозони Шуравӣ зиёд буд, аммо боқимондагон дар он фасли сармо тавонистанд бо ҳамлаи ҷавобӣ пирӯзӣ ба даст оранд ва бо қимати ҷон пойтахти Ватани худро аз ҳамлаи фашистон дифоъ карда, шаҳру вилоёти зери тасарруфи душманбударо аз чанги онҳо раҳо карданд.
Муҳорибаи Москва дар таърих ҳамчун оғози гардиши нав дар ҷанги хонумонсӯз эълон гашт ва фашистон бо шикасту талафоти зиёд бовар ҳосил карданд, ки ғалабаи онҳо номумкин аст. Қаблан Гитлер эълон дошт, ки пас аз се — чор моҳи оғози ҷанг, пурра шаҳри Москваро ба тасарруфи худ хоҳад даровард, аммо ҳамлаи ҷавобии Артиши Шӯравӣ ӯро ҳушдор дод, ки қавму миллатҳои дар муқобили хасму разми душман дар як саф оростаи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама гуна тарҳу нақшаи сияҳи онҳоро барбод хоҳад дод.
Дар қатори сарбозоне, ки алайҳи фашистони ғаддор сина сипар кардаанд, ҳамчунин мардуми ақибгоҳ, бахусус ҳамватанҳои мо низ дар таъмини аскарон бо хӯрокаю пӯшока саҳми худро гузоштанд, ки ин рӯзҳои хотирмони таърихиро мебояд ҳар фарди тоҷик гиромӣ дорад.
Муҳиддин Идизода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ