Таҷлил аз «Рӯзи табибон» дар вилояти Хатлон
Имрӯз, 17-уми августи соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар «Рӯзи табибон» таҷлил карда шуд. Дар оғоз гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти тиббӣ ба намоиш гузошта шуд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, боиси ифтихор аст, ки ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат, ба хотири боз ҳам рушд кардани ин соҳаи ниҳоят муҳим тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ӯ афзуд, ки бо назардошти муҳимияти соҳа ва ба хотири таъмини сиҳатии сокинон шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сарварии фарзонафарзанди оқилу дурандеш ба эъмори давлати иҷтимоиву раиятпарвар, ки манфиати инсон, нигаҳдории солимии ӯ ва беҳсозии вазъи иҷтимоиаш аз арзишҳои воло эътироф ва эълон гардид, замина гузошта, бо тадбирҳои дурандешона сол то сол ба дастовардҳои назаррасу пураҳамият комгор шуда истодааст.
— Бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намудани Рӯзи касбии табибон бори дигар қадршиносӣ ва арҷгузории давлат ва мардум аз заҳматҳои шабонарӯзии шумо мебошад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахшандагони ҷони хеш бо ихлос ва боварии том ва умедворона муроҷиат менамоянд. Таваҷҷуҳ ва эҳтироми Пешвои муаззами миллат нисбати рушди соҳа ва қадрдонӣ намудани хизматҳои шоёни намояндагони соҳаи тандурустӣ исботи он аст, ки назару мавқеи давлату ҳукумат ба шумо, табибони ҳозиқу таскиндиҳандагони дарди мардум, неку дилсӯзона мебошад,- таъкид кард вай.
Имрӯз кормандони хизматнишондодаи соҳаи тандурустӣ бо Диплом, ифтихорнома ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ