Таҷлили бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар “Амонатбонк” (аксҳо)
20-уми марти соли ҷорӣ дар саҳни бинои Раёсати “Амонатбонк” Наврӯзи хуҷастапай таҷлил карда шуд. Дар чорабинии идона тибқи анъанаҳои нек бобои деҳқон ва маликаи баҳор ба саҳна баромада, мужда аз омади ҷашни накӯи Наврӯз доданд.
Аз ҷониби бонувони ҳунарманди бонк яке аз хӯрокҳои асосии наврӯзӣ-суманак омода карда шуда, ба шаҳрвандон, мизоҷон ва меҳмонони хориҷӣ ҳамчун армуғони наврӯзӣ пешниҳод гардид.













Чорабинии наврӯзӣ бо шодию нишоти кормандон, шаҳрвандон ва мизоҷони бонк ва рақсу сурудҳои дилнишин дар сатҳи баланди ташкилӣ хотима ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ