Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Артиши миллӣ дар Хатлон

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар аз 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ истиқбол карданд. Ҷамъомади тантанавӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ афсарону аскарони шуҷоъ, собиқадорони Вазорати мудофиаи кишвар, ҷанговарони башардӯст ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии фавтида иштирок намуданд.

Қурбон Ҳакимзода таъкид кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, неру ва қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосир табдил ёфтааст. Ӯ афзуд, ки артиши миллӣ пурра ҳимояи марзу буми меҳани аҷдодиро ба дӯши худ гирифтааст. “Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд”,- таъкид кард вай.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, хизматчиёни ҳарбии дар вақти иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҷароҳатбардошта ва ба як қатор кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ сипоснома тақдим карда шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *