Таҷлили ботантанаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО таҷлил карда шуд. Дар сатҳи баланд истиқбол кардани Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Кӯлоб то ҳанӯз собиқа надоштааст.

Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб таъкид кард, ки 110 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои Шариф» ба табъ расид. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

“Матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, пураҳамият ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии кишвар собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа, баҳри рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд”,- таъкид кард ӯ.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ Исмоилзода Зиннатулло, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иштирок дошт. Ӯ гуфт, ки матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ буду боқӣ мондааст.

Дар ин рӯз собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорон барои хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.

Далер Шарифов, сухангӯи мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб ба Pressa.tj гуфт, ки таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Кӯлоб бо чунин тантанаву шаҳомат то ҳанӯз дар ин минтақаи кишвар собиқа надорад.

Бояд гуфт, дар минқаи Кӯлоби вилояти Хатлон қариб ҳамаи расонаҳои хабарӣ намояндагии худро доранд. 

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *