Таҷлили Меҳргон дар вилояти Хатлон
Имсол ҷашни Меҳргон ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар ноҳияи Хуросон таҷлил карда шуд.
Ин ид дар гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ҷашн гирифта мешуд. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон фарорасии ҷашни Меҳргонро, ки рамзи ҳаёти осоишта, фаровонии ҳосил, файзу баракати зиндагии мардум ва иди деҳқонону кормандони соҳаи кишоварзӣ аст ба сокионон табрик гуфтаааст.
Ӯ зикр кард, ки кишоварзони қавииродаи вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.
Ҳамчунин дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳияи Хуросон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ