Таҷлили Рӯзи Фалак дар шаҳри Кӯлоб
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҳунармандону адибон ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи Фалак таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд, ки масъулин ба ҳунари дастандаркорон баҳои баланд доданд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус сокинони шаҳри Кӯлоб боиси ифтихор аст, ки бо эъҷози баланди ҳунар дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Зикр гардид, ки Роҳбари давлат гуфтаанд, ки Ватани Чакан ва ватани Фалак шаҳри Кӯлоб аст.
“Фалак жанри озод буда, дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Чуноне, ки медонем, Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин жанри мусиқӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16-уми ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд ва маҳз ҳамин ташаббусҳои созанда боис гардид, ки Фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.
Дар охир ба як қатор ҳунармандон барои хизматҳои назаррас сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим гардид.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ