Таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар ДБССТ

“Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ”-таҳти чунин ном бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар он раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои молия, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат, Бонки миллӣ, Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе, шарикони хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода зимни ҳамоиш қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун яке аз воситаҳои калидии расидан ба ҳадафҳои миллии кишвар муайян намудааст.

“Дар ин раванд, саҳми соҳибкорон дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, афзоиши шуғл ва тақвияти истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад»,-таъкид дошт ректор.

Сипас, дар қисмати пленарии конфронс муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён, муовини якуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Насим Анваров ва дигарон бо маърӯза баромад намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *